https://sputnik.tj/20221220/tavseai-hamkori-tojikiston-belarus-hamlu-naqli-avtomobil-1053654407.html
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар бахши ҳамлу нақли автомобилӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар бахши ҳамлу нақли автомобилӣ
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад
2022-12-20T22:00+0500
2022-12-20T22:00+0500
2022-12-20T22:00+0500
дар тоҷикистон
беларус
ҳамкорӣ
равобит
ҳамлу нақл
автомобил
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи комиссияи ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Беларус, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд Тоҷикистон ва Беларус ба мувофиқа расиданд, ки табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро то соли 2023 вусъат диҳанд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.Ҳайати Беларус таҳти сарварии сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Андрей Гладкийро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди дуҷониба иқтидори назаррас дорад.“Ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷ ба ҳамлу нақли ду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2023 теъдоди иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли муштараки автомобилӣ зиёд карда шавад”, — мегӯяд вазорати нақлиёт.Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад.
https://sputnik.tj/20221216/lukashenko-belarus-dushman-rusiya-1053579093.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беларус, ҳамлу нақл, автомобил, шароит, тавсеа, ҳамкорӣ, байналмилалӣ
тоҷикистон, беларус, ҳамлу нақл, автомобил, шароит, тавсеа, ҳамкорӣ, байналмилалӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар бахши ҳамлу нақли автомобилӣ
Тоҷикистону Беларус ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи комиссияи ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Беларус, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд Тоҷикистон ва Беларус ба мувофиқа расиданд, ки табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро то соли 2023 вусъат диҳанд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.
Ҳайати Беларус таҳти сарварии сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Андрей Гладкийро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди дуҷониба иқтидори назаррас дорад.
“Ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷ ба ҳамлу нақли ду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2023 теъдоди иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли муштараки автомобилӣ зиёд карда шавад”, — мегӯяд вазорати нақлиёт.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад.