Охирин шонс барои роҳхати Олимпиада-2024: набарди варзишгарони тоҷик дар Исроил оғоз шуд

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Jerusalem Masters - 2022 охирин имкон дар соли ҷорӣ ба варзишгарон барои дарёфти роҳхати олимпист, ки бо ҳузури ҷудокорони 55 кишвар сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Дар Исроил охирин мусобиқаи байнулмилалии ҷудо дар соли ҷорӣ - Jerusalem Masters 2022 имрӯз 20 декабр оғоз мешавад.
Он се рӯз идома карда, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ се варзишгар муаррифӣ мекунанд.
Бино ба иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар сабқати охирини мавсими имсола Тоҷикистонро 3 варзишкори маъруф: Нуралӣ Эмомалӣ (66 кг), Комроншоҳ Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали сабқат – 20 декабр – рақобатҳо дар вазни 60, 66 кг миёни мардон ва 48, 52, 57 кг миёни занон, баргузор мешаванд.
Рӯзи дуюм — 21 декабр — куштигирони вазни 73, 81 кило миёни мардон ва дар вазни 63, 70 кило миёни занон баромад мекунанд.
Таджикский дзюдоист Нурали Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Ҷудокори тоҷик яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон гардид
Мусобиқа рӯзи 22 декабр бо рақобатҳо дар вазни 90, 100, +100 кило барои мардон ва 78, +78 кг миёни занон ба анҷом мерасад.
Ҷудокорони тоҷик рақибонашонро дар як мусобиқаи бонуфуз "пора" хоҳанд кард
Соли ҷорӣ 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқоти Jerusalem Masters - 2022 сабти ном шудаанд.
Ҷудочиён дар ҳар вазн мувофиқи мавқеъашон дар феҳристи ҷаҳонӣ рақобат мекунанд.
Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалҳо ва ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Порис мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0