Сафари ҳайати тиҷории кишвари Тоҷикистон ба Чаҳормаҳол ва Бахтиёрии Эрон

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Тоҷирони Тоҷикистон ва минтақаи ба Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ Эрон тамоюли бисёре барои сармоягузорӣ дар устон ва тақвияти мубодилоти тиҷории дутарафа нишон доданд
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғди Тоҷикистон Муҳаммадҷон Муҳаммадҷон ахиран дар нишаст бо мудирон ва ҷамъе аз фаъолони иқтисодии Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, ки дар маҳали Утоқи бозаргонии ин устон баргузор шуд, изҳор дошт, ки Тоҷикистону Эрон пояи муносибе барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва мубодилоти тиҷорӣ доранд.
Вай афзуд, сафари ҳайати тиҷории кишвари Тоҷикистон ба Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ метавонад ҳамкории фоидабахш байни тоҷирони Тоҷикистон бо ин устонро фароҳам кунад.
“Ин фаъоли иқтисодӣ тасреҳ кард, сарони ду кишвари Эрону Тоҷикистон бар асоси сиёсатҳои муштарак, равобити дӯстонае бо ҳам доранд ва мо фаъолони иқтисодӣ бояд аз ин фурсат истифода карда ва бар тақвияти мубодилоти тиҷорӣ бо якдигар иқдом кунем”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Суғди Тоҷикистон афзуд, ниёз аст то бозаргонон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар беш аз пеш ба кишварҳои якдигар сафар карда ва дар сояи ҳамин рафту омадҳо равобити тиҷории худро тавсеа диҳанд ба наҳве, ки барои ҳар ду кишвар судманд ва муассир бошад.
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан
Сарпарасти муовинати умӯри иқтисодии устондории Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ Муҳаммади Козимии Мунзавӣ низ дар ин нишаст ба зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи ин устон дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора кард.
Вай гуфт, дар ин устон илова бар инки зарфиятҳои қобили таваҷҷӯҳе барои сармоягузорӣ вуҷӯд дорад, иҳтимом ва ҷиддияти давлати сездаҳум барои ҳимоят аз сармоягузорӣ ва равнақи бахши тавлид метавонад омили муҳимме барои ҷазби сармоягузории хориҷӣ бошад.
Вай афзуд, бе шак фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳарду кишвар метавонад дастовардҳои хубе барои фаъолони иқтисодӣ дошта бошад ва бояд аз ин зарфиятҳо ба наҳви матлӯбе баҳрагирӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0