https://sputnik.tj/20221220/dushanbe-korkhona-zamonavi-qolinbofi-kor-1053643017.html
Дар Душанбе корхонаи замонавии қолинбофӣ ба кор даромад
Дар Душанбе корхонаи замонавии қолинбофӣ ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Дастгоҳҳои бофандагии Белжик қолинҳои тоҷикиро аз ҷиҳати ҳаҷм ва дизайн ва чи аз ҷиҳати таркибашон гуногун пешкаши мизоҷон мегардонад 20.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-20T13:50+0500
2022-12-20T13:50+0500
2022-12-20T13:59+0500
дар тоҷикистон
душанбе
саноат
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053641138_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_290d95520879c379dfd979cf23228b71.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи нав бо номи ҶДММ "Душанбе қолинҳо" ба кор шурӯъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон. Корхонаи қолинбофӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Зебуннисо ба кор даромад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аллакай аз истеҳсолоти аввалини коргоҳ дидан кардаанд. Гуфта мешавад, ки корхонаи бузурги қолинбофӣ дар доираи барномаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.Онро соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд кардааст, ки дар он наздик ба 500 тан дар ду баст фаъолият мекунанд ва бештарашон занонанд.Коргоҳ омода аст, ки қолинҳои шаклу андозаҳои гуногунро бо тарҳи аврупоӣ ва миллӣ истеҳсол намояд. Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти замонавии қолинбофӣ аз Белгия оварда шуда, насб ва таъмири пурраи хатҳои истеҳсолиро мутахассисони тоҷик анҷом медиҳанд. Ғайр аз ин, дар шаҳр мағоза кушода шуд, ки аз он қолинҳои ватаниро харидан мумкин аст.Ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон ва Афғонистон фиристодани маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20221215/tojikiston-korkhona-nav-sanoat-paydo-1053536537.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053641138_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_ee7fe098a6c2c7a64664065f01f854ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе корхона қолинбофӣ кор
душанбе корхона қолинбофӣ кор
Дар Душанбе корхонаи замонавии қолинбофӣ ба кор даромад
13:50 20.12.2022 (Навсозишуда: 13:59 20.12.2022) Дастгоҳҳои бофандагии Белжик қолинҳои тоҷикиро аз ҷиҳати ҳаҷм ва дизайн ва чи аз ҷиҳати таркибашон гуногун пешкаши мизоҷон мегардонад
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон корхонаи нав бо номи ҶДММ "Душанбе қолинҳо" ба кор шурӯъ кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Корхонаи қолинбофӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар кӯчаи Зебуннисо ба кор даромад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аллакай аз истеҳсолоти аввалини коргоҳ дидан кардаанд.
Гуфта мешавад, ки корхонаи бузурги қолинбофӣ дар доираи барномаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026 ва ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.
Онро соҳибкори ватанӣ Наврӯз Абдуллоев бунёд кардааст, ки дар он наздик ба 500 тан дар ду баст фаъолият мекунанд ва бештарашон занонанд.
Коргоҳ омода аст, ки қолинҳои шаклу андозаҳои гуногунро бо тарҳи аврупоӣ ва миллӣ истеҳсол намояд.
Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти замонавии қолинбофӣ аз Белгия оварда шуда, насб ва таъмири пурраи хатҳои истеҳсолиро мутахассисони тоҷик анҷом медиҳанд.
Ғайр аз ин, дар шаҳр мағоза кушода шуд, ки аз он қолинҳои ватаниро харидан мумкин аст.
Ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Ӯзбекистон ва Афғонистон фиристодани маҳсулот низ ба роҳ монда шудааст.