Дархости толибон барои таомул бо дигар кишварҳои ҷаҳон

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати ҷадид дар Афғонистон хостори таъомули ҷаҳон бо ҳукумати гурӯҳи толибон шуд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ҳукумати муваққати толибон бо мушкилоти иқтисодӣ зиёде рӯ ба рӯ шудааст ва бар ин бовар аст, ки касби машруъияти байналмилалӣ кумаки бузурге барои рафъи ин мушкилоти хоҳад буд.
Холид Ҳанафӣ, сарпарасти вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати ҷадид дар Афғонистон гуфт, ки Иморати исломӣ хоҳони таъомули муттакӣ бар гуфтугӯ бидуни пеш шарт аст.
Дар ҳоле ки ҳукумати муваққати толибон ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар ба шиддати мавриди интиқод қарор дорад, Ҳанафӣ ки барои дидор бо мақомоти маҳаллӣ дар Парвон ба ин вилояти рафта буд, дар бахши дигаре аз суханони худ аз амалкарди ҳуқуқи башарии давлатҳои пешин дар бист соли гузашта интиқод кард.
Мохаммад Сохайль Шахин пресс-секретарь политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Толибон: кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз ДОИШ* пуштибонӣ мекунанд
Риояти ҳуқуқи башар ба вижаи ҳуқуқи занони яке аз аслитарин шартҳои ҷомеъаи байналмилалӣ барои ба расмият шинохтани толибон аст.
Аммо ин гурӯҳ аз замони касби қудрати таҳсили духтарони болотар аз шашум ибтидоиро мутаваққиф карда ва ба рағми ваъдаҳои додашуда то кунун гоме барои ҳали ин мушкил гоме барнадошта аст.
Лентаи хабарҳо
0