Ҷоми ҷаҳонро Месси Аргентина бурд. Мбапе беҳтарин нишонзани мусобиқот дониста шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2022. Финальный матч
Футбол. ЧМ-2022. Финальный матч - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар бо пирӯзии аргентиниҳо хотима ёфт. Ин мунтахаб паз аз 36 соли интизориҳо барои сеюм бор ин ҷоизаи ҷаҳониро соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дастаи мунтахаби Аргентина дар задани зарбаҳои пеналтии баъди бозӣ бар тими Фаронса пирӯз шуд ва барандаи Ҷоми ҷаҳонии Қатар гардид.
Ду қисми асосии вохӯрии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Лусаил Иконик" бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти изофӣ расид, ки боз якголӣ зада шуду кор ба пеналтизанӣ расид.
Лионел Месси дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина ду гол зада, дар дақиқаи 23-юм аз пеналтӣ ва дар 109-уми бозӣ гол зад. Дар дақиқаи 36-уми бозӣ Анхел Ди Мария як голи дигарро дар ҳайати кабуду сафедҳо ба самар расонд.
Клиан Мбаппе дар тими Фаронса хет-трик кард. Ӯ дар дақиқаҳои 80 ва 118-ум пеналтиро ба самар расонд ва дар дақиқаи 81-уми вақти асосӣ низ гол зад.
Дар зарбаҳои пеналтӣ тими миллии Аргентина пурқувваттар баромад - 4:2. Фаронсавиҳо ба масофаи 11-метра Кингсли Коман ва Аурелен Тчуамениро тӯбро зада натавонистанд.
Болельщики Ирана во время футбольного матча Группы B чемпионата мира между Уэльсом и Ираном на стадионе Ahmad Bin Ali Stadium в Аль-Райяне, Катар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Тими миллии Эрон аз Ҷоми Ҷаҳонии футбол 9 миллион доллар подош мегирад
Голи ҳалкунандаро аз пеналтӣ Гонсало Монтиел ба самар расонд.
Тими миллии Аргентина барои севумин бор дар таърихи худ қаҳрамони ҷаҳон шуд. Қаблан кабуд ва сафедҳо дар солҳои 1978 ва 1986 ғолиб омада буданд. Солҳои 1930, 1990 ва 2014 даста ба финал баромада буд.
Бештар аз тими миллии Аргентина бразилиягио (панҷ маротиба), инчунин итолиёвиҳо ва олмониҳо (чор маротиба) қаҳрамони ҷаҳон шуданд.
Фаронсавиҳо ду карата қаҳрамони ҷаҳон мебошанд. Онҳо соли 1998 дар Ҷоми ҷаҳонии хонагӣ ва соли 2018 дар Русия ғолиб омадаанд. Соли 2006 ин даста дар финал аз итолиёиҳо аз рӯи пеналтӣ мағлуб шуда буд.
Ҳамлагари тими мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе бо ҳашт гол беҳтарин нишонзани Ҷоми ҷаҳонии футбол шуд ва ҷоизаи ФИФА-ро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0