https://sputnik.tj/20221219/azmi-dushanbeu-tehron-parvozho-tarafayn-1053608114.html
Азми Душанбею Теҳрон барои афзоиши парвозҳои тарафайн
Азми Душанбею Теҳрон барои афзоиши парвозҳои тарафайн
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти бахши ҳавоии Тоҷикистону Эрон ба нақша гирифтаанд, ки теъдоди парвозҳо миёни ду кишварро то ба 23 адад дар як ҳафта зиёд намоянд
2022-12-19T11:30+0500
2022-12-19T11:30+0500
2022-12-19T11:30+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳаво
парвоз
эрон
ҳамкорӣ
ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_89:0:1796:960_1920x0_80_0_0_f6be751d2f0e86b8308a0d976ffd421f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ёддошти тафоҳум барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расидааст, иттилоъ дод хабаргузории "Парстудей". Ба иттилои манбаъ, дар пайи тафоҳуми ҳамкории ҳамлу нақли ҳавоӣ, парвозҳо миёни Эрону Тоҷикистон аз 9 парвоз ба 23 парвоз дар ҳафта афзоиш меёбанд.Таъкид шудааст, ки равобити ҳамл ва нақли байналмилалӣ миёни Эрону Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки муносиботи Тоҷикистону Эрон дар пайи як муддати сардӣ феълан рӯй ба беҳбуд оварда, дар ҳоли густариш қарор доранд. Аз ҷумла тиҷорату гардишгарӣ миёни ин ду кишвар ба далели муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ояндадор арзёбӣ мегардад. Ахиран муовини вазири мероси фарҳангии Эрон дар бахши гардишгарӣ, Алиасғари Шолбофиён ахиран дар дидор бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, бар тавсеаи равобити гардишгарӣ миёни ду кишвар таъкид кард.Зикр гарддааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин дар хусӯси ҳамкориҳои гардишгарӣ, хусӯсан табодули иттилооти гардишгарӣ, ба хусӯси иттилооти бахшҳои хусӯсии ду кишвар, гардишгарии саломат, интиқоли таҷрибаи Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ музокира шуд.Дар ин мулоқот аз ҷумла масоили афзоиши парвозҳо ва осон кардани расмиёти марбути раводид низ муҳим хонда шудааст, то гардишгарӣ миёни ду кишвар тавсеа ёбад.
https://sputnik.tj/20221214/azsargiri-parvozho-dushanbe-islomobod-1053503927.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_302:0:1582:960_1920x0_80_0_0_79ba8d76f8ab548d8d4b764d7d35f18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвозҳо, миён, тоҷикистон, эрон, афзоиш
парвозҳо, миён, тоҷикистон, эрон, афзоиш
Азми Душанбею Теҳрон барои афзоиши парвозҳои тарафайн
Мақомоти бахши ҳавоии Тоҷикистону Эрон ба нақша гирифтаанд, ки теъдоди парвозҳо миёни ду кишварро то ба 23 адад дар як ҳафта зиёд намоянд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ёддошти тафоҳум барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расидааст, иттилоъ дод хабаргузории "Парстудей".
Ба иттилои манбаъ, дар пайи тафоҳуми ҳамкории ҳамлу нақли ҳавоӣ, парвозҳо миёни Эрону Тоҷикистон аз 9 парвоз ба 23 парвоз дар ҳафта афзоиш меёбанд.
Таъкид шудааст, ки равобити ҳамл ва нақли байналмилалӣ миёни Эрону Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт.
Ин дар ҳолест, ки муносиботи Тоҷикистону Эрон дар пайи як муддати сардӣ феълан рӯй ба беҳбуд оварда, дар ҳоли густариш қарор доранд.
Аз ҷумла тиҷорату гардишгарӣ миёни ин ду кишвар ба далели муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ояндадор арзёбӣ мегардад.
Ахиран муовини вазири мероси фарҳангии Эрон дар бахши гардишгарӣ, Алиасғари Шолбофиён ахиран дар дидор бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, бар тавсеаи равобити гардишгарӣ миёни ду кишвар таъкид кард.
Зикр гарддааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин дар хусӯси ҳамкориҳои гардишгарӣ, хусӯсан табодули иттилооти гардишгарӣ, ба хусӯси иттилооти бахшҳои хусӯсии ду кишвар, гардишгарии саломат, интиқоли таҷрибаи Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ музокира шуд.
Дар ин мулоқот аз ҷумла масоили афзоиши парвозҳо ва осон кардани расмиёти марбути раводид низ муҳим хонда шудааст, то гардишгарӣ миёни ду кишвар тавсеа ёбад.