https://sputnik.tj/20221218/tojikiston-fehrast-sharikoni-asosi-uzbekiston-1053604405.html
Тоҷикистон дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Ӯзбекистон
Тоҷикистон дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми молу маҳсулоте Тоҷикистон дар давоми 11 моҳи аввали соли равон аз Ӯзбекистон харидорӣ намудааст, наздик ба ним миллиард доллар арзёбӣ мешавад
2022-12-18T20:01+0500
2022-12-18T20:01+0500
2022-12-18T20:01+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
савдо
хориҷӣ
зиёд шуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_0:288:3083:2022_1920x0_80_0_0_818080de55527bbf89270dc79a966a41.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ӯзбекистон Тоҷикистонро ба даҳгонаи шарикони тиҷорӣ ворид кардааст, ки аз ин кишвар мол бештар мехаранд. Бино ба иттило Агентии омори Ӯзбекистон, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Душанбе аз Тошканд бар ивази 463 млн доллар молу коло харидааст. Русия, Чин ва Туркия сегонаи харидорони пешсафанд, ки Ӯзбекистон ба онҳо 6,6 млрд доллар содирот доштааст.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд.Аз ҷумла қаблан иттилоъ дода шуд, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 334 млн доллар ва соли 2021 ба 448 млн доллар баробар гардидааст.Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ба иттилои мақомоти тоҷик дар соли гузашта наздики 130 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд. Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ доранд.
https://sputnik.tj/20221123/savdo-khoriji-tojikiston-dollar-1053009446.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102437/76/1024377650_43:0:2774:2048_1920x0_80_0_0_a32b5a00386aed8eb292fd26fe6fcf37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, харидор, коло, ӯзбекистон, афзоиш
тоҷикистон, харидор, коло, ӯзбекистон, афзоиш
Тоҷикистон дар феҳрасти шарикони асосии тиҷории Ӯзбекистон
Ҳаҷми молу маҳсулоте Тоҷикистон дар давоми 11 моҳи аввали соли равон аз Ӯзбекистон харидорӣ намудааст, наздик ба ним миллиард доллар арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ӯзбекистон Тоҷикистонро ба даҳгонаи шарикони тиҷорӣ ворид кардааст, ки аз ин кишвар мол бештар мехаранд.
Бино ба иттило Агентии омори Ӯзбекистон, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Душанбе аз Тошканд бар ивази 463 млн доллар молу коло харидааст. Русия, Чин ва Туркия сегонаи харидорони пешсафанд, ки Ӯзбекистон ба онҳо 6,6 млрд доллар содирот доштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд.
Аз ҷумла қаблан иттилоъ дода шуд, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 334 млн доллар ва соли 2021 ба 448 млн доллар баробар гардидааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ба иттилои мақомоти тоҷик дар соли гузашта наздики 130 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ доранд.