https://sputnik.tj/20221218/islomobod-bozbinii-munosibot-tolibho-1053601102.html
"Сазои некӣ нестанд": Дар Исломобод хостори бозбинии муносибот бо толибҳо шуданд
"Сазои некӣ нестанд": Дар Исломобод хостори бозбинии муносибот бо толибҳо шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони баландпояи бахши равобити хориҷии Покистон дар парлумони ин кишвар иддао доранд, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод бо некӣ посух надода истодаанд
2022-12-18T15:30+0500
2022-12-18T15:30+0500
2022-12-18T15:31+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
покистон
толиб
муносибат
бозбинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон. Ба иттилои манбаъ, ташаббускори ин иқдом раиси Кумитаи сенати Покистон дар умури муносиботи байналмилалӣ, Фаррух Ҳамид Наик мебошад. Фаррух Ҳамид зимни шунидани ҳисоботи ноиби аввали вазири умури хориҷии Покистон, Асад Маҷид дар парлумон таъкид намудаст, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд. Вай таъкид намудаст, ки Исломобод хилофи хоҳиши кишварҳои ғарбӣ талоши кумак ба толибҳо дорад, аммо ин гуруҳ дар нахустин фурсат силоҳро сӯи Покистон мекунанд. Ин мақомдор дар пасманзари ҳамла ба дипломати Покистон дар Афғонистон ва даргириҳои ахири марзӣ миёни ин ду кишвар масъалаи бозбинии муносиботро ба миён гузоштааст. Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.Вай дар пайи даргирии ахири марзӣ дар наздикии гузургоҳи "Спин-булдак - Чаман", ки аз ду ҷониб куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, изҳор дошт, ки толибҳо ҳеч далеле барои оғози ин даргирӣ надоштанд. Вай ҳамчунин навиштааст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешаванд.
https://sputnik.tj/20221215/tolibon-khoriji-afghoniston-doish-pushtiboni-1053560554.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, бозбинӣ, муносибот, кобул
пешниҳод, бозбинӣ, муносибот, кобул
"Сазои некӣ нестанд": Дар Исломобод хостори бозбинии муносибот бо толибҳо шуданд
15:30 18.12.2022 (Навсозишуда: 15:31 18.12.2022) Мақомдорони баландпояи бахши равобити хориҷии Покистон дар парлумони ин кишвар иддао доранд, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод бо некӣ посух надода истодаанд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Сенати ҷумҳурии Покистон хостори бозбинии муносибот бо Кобул шуданд, иттилоъ дод Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ташаббускори ин иқдом раиси Кумитаи сенати Покистон дар умури муносиботи байналмилалӣ, Фаррух Ҳамид Наик мебошад.
Фаррух Ҳамид зимни шунидани ҳисоботи ноиби аввали вазири умури хориҷии Покистон, Асад Маҷид дар парлумон таъкид намудаст, ки толибҳо ба некиҳои Исломобод посухи нек надода истодаанд.
"Толибҳо, ки Исломобод аз манофеяшон дар арсаи байналмилалӣ ҳимоят мекунад, кумаки Покистонро қадр намекунанд", - изҳор дошт сенатори Покистон.
Вай таъкид намудаст, ки Исломобод хилофи хоҳиши кишварҳои ғарбӣ талоши кумак ба толибҳо дорад, аммо ин гуруҳ дар нахустин фурсат силоҳро сӯи Покистон мекунанд.
Ин мақомдор дар пасманзари ҳамла ба дипломати Покистон дар Афғонистон ва даргириҳои ахири марзӣ миёни ин ду кишвар масъалаи бозбинии муносиботро ба миён гузоштааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Покистон, Шаҳбоз Шариф низ аз мақомдорони Афғонистон хост, аз рух додани тирпарониҳо дар марз ҷилавгирӣ намоянд.
Вай дар пайи даргирии ахири марзӣ дар наздикии гузургоҳи "Спин-булдак - Чаман", ки аз ду ҷониб куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, изҳор дошт, ки толибҳо ҳеч далеле барои оғози ин даргирӣ надоштанд.
Вай ҳамчунин навиштааст, ки ҳукумати муваққати Афғонистон бояд кафолат диҳад, ки чунин ҳодисаҳо дигар такрор намешаванд.