Беҳтаринҳои футзал дар Тоҷикистон эълон шуданд

© Фото : Федерация Футбола ТаджикистанаНациональная сборная Таджикистана по футзалу
Национальная сборная Таджикистана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои футзали кишварро дар ҷамъбасти сол, аз ҷумла беҳтарин бошгоҳ, бозигар ва сармураббиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Файзалӣ Сардоров, капитани тими "Соро комания" соли дуюм аст, ки беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ дод Федератсияи футболи кишвар.
Бар асоси ҷамъбасти мавсими соли 2022 дар Лигаи футзали Тоҷикистон, ҷоизаи "Чеҳраи умедбахш"-и сол ба бозигари "Соро компания" Идрис Ёров дода шуд.
Беҳтарин легионери чемпионат Муҳсин Муҳаммадзодаи эронӣ дониста шуд. Ҳамлагари тими "Ориёнбонк" Ибодулло Назиров бо ҷоизаи "Беҳтарин бозигар байни дастаҳои ҳаваскор" сарфароз гардид, афзуд ФФТ.
Ҷоизаи "Fair Play" насиби бозигари ҷавони "Истиқлол"-и Душанбе Насратшо Исмоилов шуд.
тренер Хаким Фузайлов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Аз уҳдааш баромад: "Бухоро" созишнома бо сармураббии тоҷикистониро тамдид кард
Голи беҳтарини мавсим голи дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон задаи дарвозабони "Истиқлол" Фирӯз Бекмуродов ба дарвозаи "Соро компания" эълон гардид.
Ҷоизаи довари беҳтарини чемпионат ба Суҳроб Сатторов аз Турсунзода тақдим гардид.
Собирҷон Гуляков аз дастаи "Сипар"-и Хуҷанд беҳтарин нишонзани мавсим ва сармураббии "Соро компания" Пайрав Воҳидов беҳтарин мураббии сол унвон гирифтанд.
Дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 – Меҳдӣ Мустафоӣ, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Файзалӣ Сардоров - ҳама аз "Соро компания" ва Собирҷон Гуляков интихоб шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0