Таъхири тӯлонии парвози ҳавопаймои масири Душанбе-Екатеринбург

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймо, ки мебоист аз пойтахти Тоҷикистон ба фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург парвоз мекард, 10 соат ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар Душанбе парвози ширкати ҳавопаймоии русии "Уралские авиалинии" ба Екатеринбург барои 10 соат ба таъхир афтод.
Дафтари матбуоти ширкати "Уралские авиалинии" хабар дод, ки парвоз ба далели номусоидии обу ҳаво дар Душанбе дертар сурат гирифт.
Тибқи ҷадвали онлайни фурудгоҳи "Колтсово", парвози U6-2954 бояд рӯзи 14 декабр соати 23:30 ба Екатеринбург меомад.
В аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Тоҷикистон дар феҳрасти серталабдортарин масири парвоз аз Русия
Аммо фуруд нахуст 15 декабр ба соати 10:15 ба вақти маҳаллӣ мавқуф гузошта шуда буд ва ҳоло нишаст соати 12:05 дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи нақша парвозҳои дигар аз Кӯлоб ва Хуҷанд ба фурудгоҳи шаҳри Русия расиданд.
Дар хусуси парвозҳо ба Душанбе бошад, хатсайри У6-2957 15 декабр соати 21:55 пешбинӣ шудааст.
Воридшавӣ ба пойтахти Тоҷикистон соати 01:15 ба вақти маҳаллӣ 16 декабр сурат мегирад. Ҳеҷ гуна тағирот дар ин ҷадвал ҳоло эълон нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0