https://sputnik.tj/20221215/eron-az-ideyai-istifoda-az-rubl-ba-unvoni-asori-asli-dar-qalamravi-avruosiyo-himoyat-mekunad-1053556722.html
Эрон аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар қаламрави АвруОсиё ҳимоят мекунад
Эрон аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар қаламрави АвруОсиё ҳимоят мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Теҳрон аз идеяи истифодаи рубл ҳамчун асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ ба монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад
2022-12-15T19:00+0500
2022-12-15T19:00+0500
2023-02-08T19:46+0500
эрон
ҳамкорӣ
иқтисод
рубли русӣ
ҳимоят
авруосиё
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103137/62/1031376209_0:147:3175:1932_1920x0_80_0_0_693bf4a1ca60c9d271dfae13bd46061a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сафири Эрон дар Русия Козими Ҷалолӣ ахиран гуфтааст, ки мумкин аст аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар мубодилоти ду кишвар истифода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.Оқои Ҷалолӣ афзудааст, ки беш аз 40 дарсади тиҷорати Русия ва Эрон бо рубл сӯрат мегирад ва ба эҳтимоли зиёди асъори Русия мумкин аст асъори аслӣ дар тасвияҳисобҳои дуҷониба бошад.“Теҳрон ҳамчунин аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад”, - гуфт сафири Эрон дар Русия.Ҷалолӣ афзуд, яке дигар аз мавзуоте, ки сарони мо рӯи он тамаркуз доранд ин аст, ки тасаллути бархе асъор, аз ҷумла долларро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худ коҳиш диҳем. Бинобар ин, истифода аз асъори миллии мо дар тасвияҳисобҳои мутақобил усӯлист ва мо барои ин ҳадаф ба кори худ идома медиҳем.Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки рубли русӣ дар соли 2022 ба яке аз қавитарин асъори ҷаҳон табдил ёфтааст
https://sputnik.tj/20221215/putin-rubli-rusi-qavitarin-asor-jahon-1053555983.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103137/62/1031376209_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ece2319eb7bf642a422a8be3a5c988ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, ҳамкорӣ, рубли русӣ, ҳимоят, асъор, истифода, авруосиё, сафири эрон дар русия
русия, эрон, ҳамкорӣ, рубли русӣ, ҳимоят, асъор, истифода, авруосиё, сафири эрон дар русия
Эрон аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар қаламрави АвруОсиё ҳимоят мекунад
19:00 15.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Теҳрон аз идеяи истифодаи рубл ҳамчун асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ ба монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сафири Эрон дар Русия Козими Ҷалолӣ ахиран гуфтааст, ки мумкин аст аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар мубодилоти ду кишвар истифода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Оқои Ҷалолӣ афзудааст, ки беш аз 40 дарсади тиҷорати Русия ва Эрон бо рубл сӯрат мегирад ва ба эҳтимоли зиёди асъори Русия мумкин аст асъори аслӣ дар тасвияҳисобҳои дуҷониба бошад.
“Теҳрон ҳамчунин аз идеяи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад”, - гуфт сафири Эрон дар Русия.
Ҷалолӣ афзуд, яке дигар аз мавзуоте, ки сарони мо рӯи он тамаркуз доранд ин аст, ки тасаллути бархе асъор, аз ҷумла долларро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худ коҳиш диҳем. Бинобар ин, истифода аз асъори миллии мо дар тасвияҳисобҳои мутақобил усӯлист ва мо барои ин ҳадаф ба кори худ идома медиҳем.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки рубли русӣ дар соли 2022 ба яке аз қавитарин асъори ҷаҳон табдил ёфтааст