https://sputnik.tj/20221215/belarus-vurud-qaribulvuquyash-shsh-khabar-1053537794.html
Беларус аз вуруди қарибулвуқуяш ба СҲШ хабар дод
Беларус аз вуруди қарибулвуқуяш ба СҲШ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, дар соли оянда ҳудудҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай боз тавсеъа ёбад. Беларус даҳумин кишвари узви доимии созмон хоҳад шуд
2022-12-15T12:00+0500
2022-12-15T12:00+0500
2022-12-15T12:00+0500
беларус
сиёсат
сҳш
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042154310_0:0:3219:1811_1920x0_80_0_0_0b7c64739fcb4e81c53b8ee14d83a012.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дохил шудани Беларус ба СҲШ ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости Сергей Сиранков, узви Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони Беларус хабар дод. Қаблан сарвазири Беларус Роман Головченко гуфта буд, ки раванди вуруди Минск ба СҲШ бояд фаъолтар шавад.Масъалаи шомил шудани Беларус ба СҲШ, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби президент Александр Лукашенко гузошта шуда буд ва вазъи сиёсати хориҷӣ дар тӯли ин солҳо ба тарзе таҳаввул ёфт, ки кишвар дар СҲШ аз мақоми нозир ба як узви комилҳуқуқ табдил ёфт, ки дар созмон низ ба ин ҷонибдоранд. Ин як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи равобити байналмилалии кишварҳои узви СҲШ аст, зеро Беларус ба платформаи ҳалли баҳсҳои дохили давлатҳои алоҳида, балки байни давлатҳо низ табдил ёфтааст", - хулоса кард вакил. Ба гуфтаи вай, имрӯз ҳам Ғарб ва ҳам Амрикову пайравони онҳо Беларусро “минбари муассири музокирот миёни Ғарбу Шарқ” медонанд.Қаблан президенти Белорус, Александр Лукашенко изҳор дошт, ки интизор меравад, кишвараш соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфташавад.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Эрон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20221214/gharb-kam-idm-shsh-sarvazir-belorus-diplomatho-1053510930.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042154310_488:0:3219:2048_1920x0_80_0_0_eebd763375d7ceaf7d9bcb85c8679b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус вуруд қарибулвуқуяш сҳш
беларус вуруд қарибулвуқуяш сҳш
Беларус аз вуруди қарибулвуқуяш ба СҲШ хабар дод
Интизор меравад, дар соли оянда ҳудудҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай боз тавсеъа ёбад. Беларус даҳумин кишвари узви доимии созмон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дохил шудани Беларус ба СҲШ ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости Сергей Сиранков, узви Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони Беларус хабар дод.
Қаблан сарвазири Беларус Роман Головченко гуфта буд, ки раванди вуруди Минск ба СҲШ бояд фаъолтар шавад.
"Ин масъалаи ояндаи наздик аст, дар бораи санаҳои мушаххас сӯҳбат кардан барвақт, аммо фикр мекунам, ки ин дар ояндаи наздик сурат хоҳад гирифт", - гуфт Сиранков.
Масъалаи шомил шудани Беларус ба СҲШ, ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби президент Александр Лукашенко гузошта шуда буд ва вазъи сиёсати хориҷӣ дар тӯли ин солҳо ба тарзе таҳаввул ёфт, ки кишвар дар СҲШ аз мақоми нозир ба як узви комилҳуқуқ табдил ёфт, ки дар созмон низ ба ин ҷонибдоранд.
Ин як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи равобити байналмилалии кишварҳои узви СҲШ аст, зеро Беларус ба платформаи ҳалли баҳсҳои дохили давлатҳои алоҳида, балки байни давлатҳо низ табдил ёфтааст", - хулоса кард вакил.
Ба гуфтаи вай, имрӯз ҳам Ғарб ва ҳам Амрикову пайравони онҳо Беларусро “минбари муассири музокирот миёни Ғарбу Шарқ” медонанд.
Қаблан президенти Белорус, Александр Лукашенко изҳор дошт, ки интизор меравад, кишвараш соли 2023 дар Ҳиндустон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пазируфташавад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Эрон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.