https://sputnik.tj/20221214/sinni-nafaqa-kishvarhoi-osiyoi-miyona-rusiya-1053522774.html
Дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия кай бознишаста мешаванд?
Дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия кай бознишаста мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
Мутобиқи қавонин дар Тоҷикистон мардҳо коргар метавонанд дар синни 63-солагӣ ва занҳо дар синни 58-солагӣ бознишаста шаванд
2022-12-14T20:35+0500
2022-12-14T20:35+0500
2023-02-08T19:46+0500
тасвирбаён
нафақа
осиёи марказӣ
синну сол
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0e/1053516668_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_8703c15d8d46c482b426219a82c582fb.png
Дар нӯҳ моҳи соли равон шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон ба 754 ҳазору 977 нафар расидааст.Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти ахир, ҳудуди 755 ҳазор нафар ҳаққи дарёфти нафақаро доранд.Тибқи омор, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон 2,6 миллиард сомониро ташкил додааст.Синни нафақа барои кормандони гумрук се сол боло рафтҲаҷми маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,1 миллиард сомонӣ будааст.Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пардохти нафақа дар Тоҷикистон аз рӯи маоши шаҳрвандон ҳисоб карда мешавад ва аз ин рӯ, ҳадди ниҳоии гирифтани онҳо вуҷуд надорад.Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бахши молия мегиранд.Ба ин тартиб, тибқи омор, маоши коргарони ин бахшҳо беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ки нафақаи баландтаринро низ онон мегиранд.Дар Тоҷикистон ба нафақахӯрон беш аз 2,6 миллиард сомонӣ пардохт шудаастЗимнан, солҳои тӯлонӣ маоши камтарин барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорон – 726 сомонӣ аст ва нафақаи камтарин низ аз онон аст.Тибқи ҳисоботҳо дар соли 2022 давлат ҳар моҳ барои пардохти нафақа ҳудуди 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2021 2,4 дарсад ё худ 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0e/1053516668_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_2eb316815e7414b12d9d474c1bb9cafc.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тасвирбаён, синну сол, нафақа, осиёи марказӣ, мардон, занон
тоҷикистон, тасвирбаён, синну сол, нафақа, осиёи марказӣ, мардон, занон
Дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия кай бознишаста мешаванд?
20:35 14.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Мутобиқи қавонин дар Тоҷикистон мардҳо коргар метавонанд дар синни 63-солагӣ ва занҳо дар синни 58-солагӣ бознишаста шаванд
Дар нӯҳ моҳи соли равон шумораи нафақахӯрон дар Тоҷикистон ба 754 ҳазору 977 нафар расидааст.
Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти ахир, ҳудуди 755 ҳазор нафар ҳаққи дарёфти нафақаро доранд.
Тибқи омор, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми нафақа ва кӯмакпулӣ дар Тоҷикистон 2,6 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ҳаҷми маблағе, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шудааст, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,1 миллиард сомонӣ будааст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми пардохти нафақа дар Тоҷикистон аз рӯи маоши шаҳрвандон ҳисоб карда мешавад ва аз ин рӯ, ҳадди ниҳоии гирифтани онҳо вуҷуд надорад.
Дар Тоҷикистон маоши баландтаринро кормандони бахши молия мегиранд.
Ба ин тартиб, тибқи омор, маоши коргарони ин бахшҳо беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ки нафақаи баландтаринро низ онон мегиранд.
Зимнан, солҳои тӯлонӣ маоши камтарин барои кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорон – 726 сомонӣ аст ва нафақаи камтарин низ аз онон аст.
Тибқи ҳисоботҳо дар соли 2022 давлат ҳар моҳ барои пардохти нафақа ҳудуди 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2021 2,4 дарсад ё худ 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.