https://sputnik.tj/20221214/shilik-tupkhonaho-safar-rahmon-pokiston-1053515393.html
Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо
Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Барои пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Покистон хиёбонҳои шаҳри Исломобод бо аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо ва овезаҳо оро дода шудаанд
2022-12-14T15:03+0500
2022-12-14T15:03+0500
2022-12-14T21:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
боздид
расмӣ
эмомалӣ раҳмон
покистон
исломобод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0e/1053513857_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_d48975ccb5e28545439dddd0fe789c28.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, сафи горди фахрӣ, намояндагони воломақоми давлатӣ ва кӯдакони покистонӣ пешвоз гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бо нашри гузориши аксӣ хабар додаст. Таъкид шудаст, ки тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори президенти Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд. Инчунин хиёбонҳои Исломобод бо аксҳои роҳбарони Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфтаанд. Раҳмонро дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд. Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шудҲамчунин директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар феҳрасти ҳамроҳони раисҷумҳур зикр шудаанд. Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба Покистон рафтаанд. Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад. Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд.
исломобод
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0e/1053513857_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_77146a41ce8b5bbae7474fa43aa301c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пазироӣ, президент, тоҷикистон, покистон, аксҳо
пазироӣ, президент, тоҷикистон, покистон, аксҳо
Шилик аз тӯпхонаҳо: пазироӣ аз Раҳмон дар Покистон - аксҳо
15:03 14.12.2022 (Навсозишуда: 21:30 14.12.2022) Барои пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон дар Покистон хиёбонҳои шаҳри Исломобод бо аксҳои сарони ду давлат, парчамҳо ва овезаҳо оро дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, сафи горди фахрӣ, намояндагони воломақоми давлатӣ ва кӯдакони покистонӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бо нашри гузориши аксӣ хабар додаст.
Таъкид шудаст, ки тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори президенти Тоҷикистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд. Инчунин хиёбонҳои Исломобод бо аксҳои роҳбарони Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфтаанд.
Раҳмонро дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар феҳрасти ҳамроҳони раисҷумҳур зикр шудаанд. Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба Покистон рафтаанд.
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад. Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд.