https://sputnik.tj/20221214/omski-rusiya-tijorat-tojikiston-afzoish-1053520375.html
Вилояти Омски Русия мехоҳад тиҷораташро бо Тоҷикистон бештар афзоиш диҳад
Вилояти Омски Русия мехоҳад тиҷораташро бо Тоҷикистон бештар афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари вилояти Омски русия ахиран дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки барои вилояти Омск дар тӯли чанд сол Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратӣ будааст
2022-12-14T18:59+0500
2022-12-14T18:59+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
душанбе
омск
мулоқот
ҳамкорӣ
тиҷорат
гардиши мол
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053441605_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_24b5529c60256fb5d8c5d3a2b6cdc4da.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Роҳбари вилояти Омски Русия Александр Бурков дар мулоқот бо муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъкид кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск дар соли 2022 нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш меёбад.Александр Бурков дар ин мулоқот қайд кардаааст, ки барои вилояти Омск дар тӯли чанд сол Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.Вай афзуд дар соли 2021 табодули мол 4 млн долларро ташкил медод, аммо тибқи натиҷаҳои соли равон он то ҳадди ду маротиба зиёд гардид.Ҳамзамон тарафҳо дар мулоқоти мазкур самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.Дар мулоқот зикр гардид, ки тарафҳо нақша доранд, минбаъд низ ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшанд.Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки корхонаҳои вилояти Омск, ки ба панҷгонаи минтақаҳои истеҳсолкунандаи панир ва маҳсулоти панирӣ, шири қиёмшуда дар Русия дохил мешавад, дар назар доранд, ки ҳаҷми содироти маводи ғизоиро зиёд кунанд. Тоҷикистон дар навбати худ омода аст тарҳҳои муштаракро дар бахшҳои металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва сабук баррасӣ кунад.Корхонаҳои саноати хӯроквории Омск омодаанд, ки ҳаҷми маводи ғизоиро зиёд ва намудҳои онро васеъ намоянд. Дар Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ ва ордӣ, равғани рапси Омск пешниҳод карда мешаванд. Аз вилояти Омск инчунин имкон аст шири қиёмшуда, равғани маска, маҳсулоти панирӣ ва ҳасиб ворид карда шавад.
https://sputnik.tj/20221213/omsk-markaz-logistik-meva-sabzavot-tojikiston-iftitoh-1053474361.html
душанбе
омск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053441605_73:0:2804:2048_1920x0_80_0_0_df510aca5bbb2d6fd62c2fa2f7a97b18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, омск, тиҷорат, афзоиш, душанбе, мулоқот, шарик, иқтисод, мулоқот, русия
тоҷикистон, омск, тиҷорат, афзоиш, душанбе, мулоқот, шарик, иқтисод, мулоқот, русия
Вилояти Омски Русия мехоҳад тиҷораташро бо Тоҷикистон бештар афзоиш диҳад
18:59 14.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Роҳбари вилояти Омски русия ахиран дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки барои вилояти Омск дар тӯли чанд сол Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратӣ будааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Роҳбари вилояти Омски Русия Александр Бурков дар мулоқот бо муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода таъкид кард, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск дар соли 2022 нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш меёбад.
Александр Бурков дар ин мулоқот қайд кардаааст, ки барои вилояти Омск дар тӯли чанд сол Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.
Вай афзуд дар соли 2021 табодули мол 4 млн долларро ташкил медод, аммо тибқи натиҷаҳои соли равон он то ҳадди ду маротиба зиёд гардид.
Ҳамзамон тарафҳо дар мулоқоти мазкур самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки тарафҳо нақша доранд, минбаъд низ ҳамкориро дар ин самт тақвият бахшанд.
Дар ин мулоқот қайд карда шуд, ки корхонаҳои вилояти Омск, ки ба панҷгонаи минтақаҳои истеҳсолкунандаи панир ва маҳсулоти панирӣ, шири қиёмшуда дар Русия дохил мешавад, дар назар доранд, ки ҳаҷми содироти маводи ғизоиро зиёд кунанд. Тоҷикистон дар навбати худ омода аст тарҳҳои муштаракро дар бахшҳои металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва сабук баррасӣ кунад.
Корхонаҳои саноати хӯроквории Омск омодаанд, ки ҳаҷми маводи ғизоиро зиёд ва намудҳои онро васеъ намоянд. Дар Тоҷикистон маҳсулоти қаннодӣ ва ордӣ, равғани рапси Омск пешниҳод карда мешаванд. Аз вилояти Омск инчунин имкон аст шири қиёмшуда, равғани маска, маҳсулоти панирӣ ва ҳасиб ворид карда шавад.