https://sputnik.tj/20221214/oghoz-safari-rasmii-emomali-rahmon-pokiston-1053507707.html
Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд
Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳаш ба Покистон ёрдамчияш дар бахши равобити байналмилалӣ ва вазирони блоки иқтисодии ҳукуматро гирифтааст
2022-12-14T12:33+0500
2022-12-14T12:33+0500
2022-12-14T12:37+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
боздид
покистон
мулоқот
ҳамкорӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_0:0:2610:1469_1920x0_80_0_0_bba2df8004e8487a7ed254ececf67751.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ озими Покистон шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки кадоме аз мақомдорон ӯро дар фурудгоҳи Душанбе гусел карданду киҳо ҳамроҳаш ба Исломобод рафтанд. Дар феҳрасти ҳамроҳони президент дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт зикр шудаанд. Ҳамчунин Раҳмонро дар Покистон директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҳайат сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ворид гардидаст. Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад.Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд, иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти президенти ҶТ.Маврид ба зикр аст, ки охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд. Қайд карда шудааст, ки ин боздиди феълияш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20221214/azsargiri-parvozho-dushanbe-islomobod-1053503927.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102951/72/1029517273_130:0:2442:1734_1920x0_80_0_0_2a3618c80069471264e3c11d08ffdea2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, тоҷикистон, озим, покистон
президент, тоҷикистон, озим, покистон
Раҳмон бо сафари расмӣ озими Покистон шуд
12:33 14.12.2022 (Навсозишуда: 12:37 14.12.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳаш ба Покистон ёрдамчияш дар бахши равобити байналмилалӣ ва вазирони блоки иқтисодии ҳукуматро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ озими Покистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки кадоме аз мақомдорон ӯро дар фурудгоҳи Душанбе гусел карданду киҳо ҳамроҳаш ба Исломобод рафтанд.
Дар феҳрасти ҳамроҳони президент дар Покистон аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт зикр шудаанд.
Ҳамчунин Раҳмонро дар Покистон директорони Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҳайат сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ворид гардидаст.
Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон ба Исломобод ду рӯз идома ёбад.
Дар ин сафари асосан таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетикӣ ва дигар самтҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ мешаванд, иттилоъ доданд аз дафтари матбуоти президенти ҶТ.
Маврид ба зикр аст, ки охирин сафари Эмомаӣ Раҳмон ба Исломобод тобистони 2021 доир шуда буд. Қайд карда шудааст, ки ин боздиди феълияш бо даъвати нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф сурат хоҳад гирифт.