Аргентина дар финали Ҷоми Ҷаҳон - 2022: Иштирокдори дуюм дар роҳ

© Sputnik / Григорий СысоевИгрок сборной Аргентины Лионель Месси (справа) и вратарь сборной Хорватии Доминик Ливакович
Игрок сборной Аргентины Лионель Месси (справа) и вратарь сборной Хорватии Доминик Ливакович - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Обуна шудан
Як иштирокдори даври ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2022 муайян гардид, ки ин дастаи Аргентина мебошад. То муайян шудани номи қаҳрамони ҷаҳон 4 рӯзи дигар монд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тими миллии Аргентина, ки дар оғози Ҷоми Ҷаҳон-2022 аз дастаи Арабистони Саудӣ шикаст хӯрда буд, ба финали ин мусобиқаи ҷаҳонӣ баромад.
Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Аргентина бо Хорватия, ки Бразилияро шикаст дод, вориди майдон шуд. Зӯрозмоии ин ду тим бо бартарии даста аз Амрикои лотинӣ бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Ду голи ин бозиро Хулиан Алварес ба ҳадаф расонд ва муаллифи як голи дигар Лионел Месси мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Месси нахустин голи ин сабқатро аз зарбаи 11-метрӣ вориди дарвозаи Хорватия намуд.
Акнун тими Аргентина бо ғолиби ҷуфти Фаронса ва Марокаш вориди майдон мешавад.
Игрок сборной Португалии Криштиану Роналду празднует гол в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Португалии и Уругвая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Эҳсосот дар майдони футбол: Беҳтарин лаҳзаҳои Чемпионати Ҷаҳон-2022 - акс
Сабқати Фаронса ва Марокаш шаби 15 декабр соати 00:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари тими Марокаш, роҳёбии дастаи Хорватия низ ба даври чорякниҳоии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 аз ғайричашмдоштҳои ин мусобиқа арзёбӣ мешавад.
Сабқат барои мақоми сеюм рӯзи 17 декабр ва финали Ҷоми Ҷаҳон-2022 рӯзи 18-уми декабр баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки аз 20 ноябр ба ин сӯ 22-юмин қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар идома дорад, ки барои нахустин бор дар таърихаш ин кишвари арабӣ мизбони чунин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0