Раиси Кумитаи омори Тоҷикистон дар сохтори ИДМ вазифа гирифт

Гулнора Хасанзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи омори Тоҷикистон ҳамраиси Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ахиран ҷаласаи навбатии 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви ИДМ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки роҳбарон ва намояндагони ваколатдори хадамоти миллии омори кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд якчанд масъалаҳои такмили фаъолияти оморӣ дар паҳнои ИДМ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа якчанд санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Шӯрои роҳбарони хадамоти омори кишварҳои узви ИДМ ва Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ тасдиқ карда шуданд.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Чӣ арзону чӣ гарон шуд: шарҳи расмии Ожонси омор
Ҳамчунин дар бораи Барномаи кори Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барои соли 2023 низ қарор қабул шуд.
Титбқи санади мазкур Шӯроро дар соли 2023 Роҳбари хадамоти федералии омори давлатии Русия Сергей Галкин раисӣ мекунад. Ҳамраисҳои Шӯро Директори Агентии омори Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва раиси Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон Баҳодир Бегалов мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯро дар охири моҳи апрели соли 2023 дар Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0