https://sputnik.tj/20221212/safar-rasmi-burkov-sohibkoron-tojikiston-1053451633.html
Сафари расмии Бурков бо ҳайати мақомдорону соҳибкорон ба Тоҷикистон
Сафари расмии Бурков бо ҳайати мақомдорону соҳибкорон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари минтақаи Омски Русия, ки маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз ин вилоят интиқол дода мешавад, озими шаҳри Душанбе шудааст
2022-12-12T13:40+0500
2022-12-12T13:40+0500
2022-12-12T13:40+0500
дар русия
омск
мулоқот
сарвазир
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053441605_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_24b5529c60256fb5d8c5d3a2b6cdc4da.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Губернатори вилояти Омск Александр Бурков барои нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти маъмурияташ. Ба иттилои манбаъ, якҷоя бо раиси вилоят ҳайати мақомдорони баландпоя, асосан аз блоки иқтисодии минтақа ва бахши хусусӣ низ озими Душанбе гардидаанд. Дар феҳрасти онҳое, ки Бурковро дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд, аз ҷумла вазири иқтисоди вилоят Анна Негодуйка, вазири кишоварзӣ ва озуқа, Николай Дрофа ва муовини вазири маориф Татяна Дернова номбар шудаанд. Ба ҳайат дар сафари расмии роҳбари Омск инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии олии Омск, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва хочагии қишлоқ низ ворид гардидаанд. Ҳадафи ин сафар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск арзёбӣ мегардад. Ҳайат таҳти роҳбарии Бурков нақша дорад дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён мулоқот кунад. Ҳамчунин имзои созишномаҳо бо вазоратҳои соҳавӣ ва шартномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон дар назар аст. Намояндагони бахши хусусӣ ва саноат ният доранд бо ҳамтоёни тоҷик мулоқот намоянду дурнамои ҳамкориро баррасӣ намоянд. Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск беш аз 4 млн долларро ташкил додааст ва дар оянда ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20221211/mukolama-baynifarhangi-rusiya-tojikiston-dushanbe-1053429854.html
омск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053441605_73:0:2804:2048_1920x0_80_0_0_df510aca5bbb2d6fd62c2fa2f7a97b18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, расмӣ, волӣ, омск, тоҷикистон
сафар, расмӣ, волӣ, омск, тоҷикистон
Сафари расмии Бурков бо ҳайати мақомдорону соҳибкорон ба Тоҷикистон
Роҳбари минтақаи Омски Русия, ки маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз ин вилоят интиқол дода мешавад, озими шаҳри Душанбе шудааст
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Губернатори вилояти Омск Александр Бурков барои нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти маъмурияташ.
Ба иттилои манбаъ, якҷоя бо раиси вилоят ҳайати мақомдорони баландпоя, асосан аз блоки иқтисодии минтақа ва бахши хусусӣ низ озими Душанбе гардидаанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки Бурковро дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд, аз ҷумла вазири иқтисоди вилоят Анна Негодуйка, вазири кишоварзӣ ва озуқа, Николай Дрофа ва муовини вазири маориф Татяна Дернова номбар шудаанд.
Ба ҳайат дар сафари расмии роҳбари Омск инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии олии Омск, намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва хочагии қишлоқ низ ворид гардидаанд.
Ҳадафи ин сафар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва башардӯстона миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск арзёбӣ мегардад.
Ҳайат таҳти роҳбарии Бурков нақша дорад дар Тоҷикистон, аз ҷумла бо муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён мулоқот кунад.
Ҳамчунин имзои созишномаҳо бо вазоратҳои соҳавӣ ва шартномаи ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон дар назар аст.
Намояндагони бахши хусусӣ ва саноат ният доранд бо ҳамтоёни тоҷик мулоқот намоянду дурнамои ҳамкориро баррасӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир гардиши мол миёни Тоҷикистон ва вилояти Омск беш аз 4 млн долларро ташкил додааст ва дар оянда ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.