https://sputnik.tj/20221212/raisi-khatlon-jamovarii-pakhta-kishti-tiramohi-1053469752.html
Раиси Хатлон аз зудар ҷамъоварии ҳосили пахта ва кишти тирамоҳӣ гуфт
Раиси Хатлон аз зудар ҷамъоварии ҳосили пахта ва кишти тирамоҳӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон аз мақомдорон талаб кард, ки ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда ба кишти тирамоҳӣ омодагӣ гиранд
2022-12-12T22:00+0500
2022-12-12T22:00+0500
2022-12-12T22:00+0500
дар тоҷикистон
хатлон
қурбон ҳакимзода
кишт
тирамоҳ
ҷамъоварӣ
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053469522_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_399082c5930529d9467c267c3a33da80.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо ва қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.Дар ин ҷаласа раиси вилоят дар мавриди ҷамъоварии ҳосили пахта, картошка, тоза намудани заминҳои корам ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо аз ҳар як масъулин пурсон шуда, таъкид намуд.“Аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда, пойгоҳои обкаширо аз таъмир бароварда, заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза намуда, аксяҳои тозагӣ гузаронида, ба шинонидани қаламча ва шинонидани дарахтон оғоз намоед”, - гуфт ӯҲамчунин раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар арафаи соли нав ва дигар идҳо кумакҳои хешро ба дидбонгоҳо, мактабинтернатҳо ва хонаҳои пиронсолон расонанд.“Дар ҳамин замина зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар ҳама ҳолат дар нигоҳ доштани тинҷию амонии ватани азизамон омода бошед”, - таъкид кард Қурбон Ҳакимзода.
https://sputnik.tj/20221206/maqomoti-khatlon-guft-baroi-zimistonguzaroni-chi-qadar-angisht-zakhira-kardaast--1053326552.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0c/1053469522_235:0:2048:1360_1920x0_80_0_0_0d5d0c063302979989749a26917b6d34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, мақомдор, ҳосил, пахта, ҷамъоварӣ, кишти тирамоҳӣ, қурбон ҳакимзода, раиси вилояти хатлон
тоҷикистон, хатлон, мақомдор, ҳосил, пахта, ҷамъоварӣ, кишти тирамоҳӣ, қурбон ҳакимзода, раиси вилояти хатлон
Раиси Хатлон аз зудар ҷамъоварии ҳосили пахта ва кишти тирамоҳӣ гуфт
Раиси вилояти Хатлон аз мақомдорон талаб кард, ки ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда ба кишти тирамоҳӣ омодагӣ гиранд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо ва қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа раиси вилоят дар мавриди ҷамъоварии ҳосили пахта, картошка, тоза намудани заминҳои корам ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо аз ҳар як масъулин пурсон шуда, таъкид намуд.
“Аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда, пойгоҳои обкаширо аз таъмир бароварда, заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза намуда, аксяҳои тозагӣ гузаронида, ба шинонидани қаламча ва шинонидани дарахтон оғоз намоед”, - гуфт ӯ
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар арафаи соли нав ва дигар идҳо кумакҳои хешро ба дидбонгоҳо, мактабинтернатҳо ва хонаҳои пиронсолон расонанд.
“Дар ҳамин замина зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар ҳама ҳолат дар нигоҳ доштани тинҷию амонии ватани азизамон омода бошед”, - таъкид кард Қурбон Ҳакимзода.