https://sputnik.tj/20221212/hamla-khunini-galla-gurgho-vmkb-1053445100.html
Ҳамлаи хунини галлаи гургҳо дар ВМКБ: маслиҳати мақомот ба мардум
Ҳамлаи хунини галлаи гургҳо дар ВМКБ: маслиҳати мақомот ба мардум
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна худу молашонро аз гургҳо эмин нигоҳ доштан метавонанд
2022-12-12T13:00+0500
2022-12-12T13:00+0500
2022-12-12T13:00+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ҳамлаи хунин
гург
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/05/1028470518_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_460f8a3ba81e4ff152fc7430601da51f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Галаи гургҳо дар ноҳияи Рошқалъа рамаи бузу гӯсфандро ҳадафи ҳамла қарор дода, хисороти зиёд ворид кардаанд. Тибқи иттилои КҲФ, ҳодиса баъди зуҳри 11 декабр дар чарогоҳи кӯҳӣ воқеъ дар деҳаи Сежд дар наздикии минтақаи Девлохи ноҳияи Роштқалъа рух додаст. Дар пайи ҳамлаи тӯдаи гургҳо 28 cap чорвои майда талаф ёфтааст.КҲФ бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба сокинони деҳоти ноҳияҳои кӯҳӣ якчанд тавсия додааст. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки чарондани озоди чорво, бидуни чӯпон қобили қабул нест. Муҳим хонда шудааст, ки чарондани чорво танҳо дар вақти рӯшании рӯз ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад. Шабона чорво бояд дар ҳавлӣ ва ё худ оғилхонаҳо ҷой дода шавад, таъкид намудаст КҲФ. Зарур дониста шудаст, ки атрофи оғилхонаҳо ва ё маконҳои дигари нигоҳдории чорво бояд бо симтӯр ё девори баландияш на кам аз 2,5 метр иҳота карда шавад. Ин иҳотагирӣ чорворо аз роҳёбии дарандаҳо, аз ҷумла гургу бабри барфӣ ҳимоят мекунад. Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон муҳим хондааст, ки тамоми чорвое, ки дар пайи ҳамлаи дарандаҳо талаф ёфтааст, бояд аз тариқи сӯзондан нобуд карда шавад. Фарорасии мавсими ҳамлаи гургҳо дар ҳолест, ки дар навоҳии куҳии Тоҷикистон чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20221212/sarshumor-chorvo-tojikiston-ziyod-1053437810.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/05/1028470518_17:0:1724:1280_1920x0_80_0_0_2255524afc330f20cd4bc30b81ef91ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мавсим, ҳамла, гургҳо, мақомот, мардум
мавсим, ҳамла, гургҳо, мақомот, мардум
Ҳамлаи хунини галлаи гургҳо дар ВМКБ: маслиҳати мақомот ба мардум
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна худу молашонро аз гургҳо эмин нигоҳ доштан метавонанд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Галаи гургҳо дар ноҳияи Рошқалъа рамаи бузу гӯсфандро ҳадафи ҳамла қарор дода, хисороти зиёд ворид кардаанд.
Тибқи иттилои КҲФ, ҳодиса баъди зуҳри 11 декабр дар чарогоҳи кӯҳӣ воқеъ дар деҳаи Сежд дар наздикии минтақаи Девлохи ноҳияи Роштқалъа рух додаст. Дар пайи ҳамлаи тӯдаи гургҳо 28 cap чорвои майда талаф ёфтааст.
КҲФ бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба сокинони деҳоти ноҳияҳои кӯҳӣ якчанд тавсия додааст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки чарондани озоди чорво, бидуни чӯпон қобили қабул нест. Муҳим хонда шудааст, ки чарондани чорво танҳо дар вақти рӯшании рӯз ва бо ҳамроҳии чӯпон сурат гирад.
Шабона чорво бояд дар ҳавлӣ ва ё худ оғилхонаҳо ҷой дода шавад, таъкид намудаст КҲФ.
Зарур дониста шудаст, ки атрофи оғилхонаҳо ва ё маконҳои дигари нигоҳдории чорво бояд бо симтӯр ё девори баландияш на кам аз 2,5 метр иҳота карда шавад. Ин иҳотагирӣ чорворо аз роҳёбии дарандаҳо, аз ҷумла гургу бабри барфӣ ҳимоят мекунад.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон муҳим хондааст, ки тамоми чорвое, ки дар пайи ҳамлаи дарандаҳо талаф ёфтааст, бояд аз тариқи сӯзондан нобуд карда шавад.
Фарорасии мавсими ҳамлаи гургҳо дар ҳолест, ки дар навоҳии куҳии Тоҷикистон чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо ба шумор меравад.