https://sputnik.tj/20221210/zoda-dushanbe-rusiya-ozmun-zebosanam-jahon-1053427758.html
Зодаи Душанбе Русияро дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон" муаррифӣ мекунад
Зодаи Душанбе Русияро дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон" муаррифӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Яна Трофимова, ки дар Тоҷикистон зода шудааст, довталаби унвони баланди озмуни бонуфузтарини занони зеботарини шавҳардор гардид 10.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-10T19:28+0500
2022-12-10T19:28+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
озмуни зебоӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102625/64/1026256482_0:98:1920:1178_1920x0_80_0_0_e151108b9a3e3f0d076fac1e56eff1ff.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Русияро дар озмуни солонаи "Зебосанами ҷаҳон - 2022" духтари зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба намояндагони созмондиҳандагони ҷониби Русия. Айёми бачагӣ ва ҷавонии ӯ дар Сибир гузашта, ҳоло дар Москва зиндагй мекунад. Трофимова дар Душанбе ба дунё омадааст, вале камтар аз як моҳ оилааш ба Новокузнетск кӯчид. Дар вилояти Кемерово Яна ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Пас аз хатми таҳсил вай аз рӯи ихтисоси худ кор карда, сипас ба ҳайси директори ҳудудии бренди бузурги байналмилалии косметикӣ кор кардааст.Сипас духтар тасмим гирифт, ки ба тиҷорат равад ва лоиҳаи худро дар соҳаи зебоӣ таҳия кард. Ҳоло оиладор аст ва дар пойтахти Русия зиндагӣ мекунад.Трофимова ду духтар дорад. Қаблан ӯ аллакай соҳиби унвонҳои баланд дар соҳаи зебоӣ шуда буд: соли 2009 унвони "Мисс Кузбасс"-ро гирифт, як сол баъд дар "Мисс Русия" ширкат ва дар соли 2021 "Хонуми Русия" гардид."Зебосанами ҷаҳон" як озмуни зебоӣ барои занони шавҳардор аст. Он хамчун спектакли тематикии театрй ташкил карда шудааст. Дар намоишгоҳи байналмилалии зебоӣ низ ба андешаҳои занон дар бораи масоили оила ва издивоҷ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад. Аввалин озмун соли 1984 дар Австралия баргузор шуда буд.
https://sputnik.tj/20220318/model-tojiktabor-uzbekiston-behtarin-1046900488.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102625/64/1026256482_110:0:1811:1276_1920x0_80_0_0_6b0c68446d26ca41bee648d9b3ecc82b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмуни зебоӣ, дар русия
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмуни зебоӣ, дар русия
Зодаи Душанбе Русияро дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон" муаррифӣ мекунад
19:28 10.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Яна Трофимова, ки дар Тоҷикистон зода шудааст, довталаби унвони баланди озмуни бонуфузтарини занони зеботарини шавҳардор гардид
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Русияро дар озмуни солонаи "Зебосанами ҷаҳон - 2022" духтари зодаи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба намояндагони созмондиҳандагони ҷониби Русия.
"Русияро дар ин мусобиқа Яна Трофимоваи 31-солаи сибирӣ намояндагӣ мекунад", - омадааст дар хабарнома
Айёми бачагӣ ва ҷавонии ӯ дар Сибир гузашта, ҳоло дар Москва зиндагй мекунад.
Трофимова дар Душанбе ба дунё омадааст, вале камтар аз як моҳ оилааш ба Новокузнетск кӯчид. Дар вилояти Кемерово Яна ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Пас аз хатми таҳсил вай аз рӯи ихтисоси худ кор карда, сипас ба ҳайси директори ҳудудии бренди бузурги байналмилалии косметикӣ кор кардааст.
Сипас духтар тасмим гирифт, ки ба тиҷорат равад ва лоиҳаи худро дар соҳаи зебоӣ таҳия кард. Ҳоло оиладор аст ва дар пойтахти Русия зиндагӣ мекунад.Трофимова ду духтар дорад.
Қаблан ӯ аллакай соҳиби унвонҳои баланд дар соҳаи зебоӣ шуда буд: соли 2009 унвони "Мисс Кузбасс"-ро гирифт, як сол баъд дар "Мисс Русия" ширкат ва дар соли 2021 "Хонуми Русия" гардид.
"Зебосанами ҷаҳон" як озмуни зебоӣ барои занони шавҳардор аст. Он хамчун спектакли тематикии театрй ташкил карда шудааст. Дар намоишгоҳи байналмилалии зебоӣ низ ба андешаҳои занон дар бораи масоили оила ва издивоҷ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад. Аввалин озмун соли 1984 дар Австралия баргузор шуда буд.