https://sputnik.tj/20221209/sukhtor-markaz-savdo-sharq-khujand-aks-1053393154.html
Дар Хуҷанд маркази савдои “Шарқ” ба коми оташ рафт - акс
Дар Хуҷанд маркази савдои “Шарқ” ба коми оташ рафт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҳаммомхонаи ин ҷамъият сар зада, 17 адад нуқтаҳои хизматрасониро ба хокистар табдил додааст
2022-12-09T11:18+0500
2022-12-09T11:18+0500
2022-12-09T14:01+0500
сӯхтор
хуҷанд
маркази савдо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/09/1053392817_184:0:1032:477_1920x0_80_0_0_8faedba3e8b1f8e4ef136457cf8af717.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд сӯхтори шадиде маркази савдои "Шарқ"-ро ба хокистар табдил дод. Аз идораи сӯхторнишонии Суғд тафсилоти ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд. Қаҳрамон Қодирзода, як масъули мақомоти оташнишонӣ иттилоъ дод, ки сӯхтор дар маркази савдои “Шарқ” дар Хуҷанд соати 03: 10 дақиқаи субҳи имрӯз сар задааст. Бино ба иттилоъи мақомот бар асари ин ҳодиса 17 адад нуқтаи хизматрасонӣ аз ҷумла мағозаҳо ба масоҳати 70 метри мураббаъ сӯхта зарар дидаанд. Аз идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ки ба ҷойи ҳодиса 10 мошини обпоши сӯхторнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар шуда ва ҳудуди 150 миллион сомонӣ иморату иншоот аз коми оташ наҷот дода шудааст. Зимнан сабаб ва хисороти аслии ин ошташсӯзӣ таҳқиқ карда мешавад. Бо сард шудани ҳарорат дар ин авохир рухдоди ҳодисаҳои сӯхтор дар навоҳии вилояти Суғд бештар шудааст. Субҳи рӯзи 8 декабр низ ҳуҷраи техникии мактаби № 51 ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ва қабл аз он дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Мегаойл” дар шаҳри Истаравшан сӯхтори азиме рух дод. Бар пояи иттилоъи мақомот давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Суғд дар маҷмуъ 460 мавриди оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух додаанд.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/09/1053392817_396:0:1032:477_1920x0_80_0_0_d34de98b668c315d0a8a78796f891922.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд марказ “шарқ” оташ акс
хуҷанд марказ “шарқ” оташ акс
Дар Хуҷанд маркази савдои “Шарқ” ба коми оташ рафт - акс
11:18 09.12.2022 (Навсозишуда: 14:01 09.12.2022) Эксклюзив
Сӯхтор бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҳаммомхонаи ин ҷамъият сар зада, 17 адад нуқтаҳои хизматрасониро ба хокистар табдил додааст
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд сӯхтори шадиде маркази савдои "Шарқ"-ро ба хокистар табдил дод.
Аз идораи сӯхторнишонии Суғд тафсилоти ин ҳодисаро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд.
Қаҳрамон Қодирзода, як масъули мақомоти оташнишонӣ иттилоъ дод, ки сӯхтор дар маркази савдои “Шарқ” дар Хуҷанд соати 03: 10 дақиқаи субҳи имрӯз сар задааст.
“Бино ба таҳқиқи ибтидоӣ сӯхтор аз ҳисоби риоя накардани қоидаи бехатарӣ дар вақти истифодаи таҷҳизоти барқии ҳаммомхонаи хостели марбут ба ширкати “Шарқ” сар задааст”, - гуфт, манбаъ.
Бино ба иттилоъи мақомот бар асари ин ҳодиса 17 адад нуқтаи хизматрасонӣ аз ҷумла мағозаҳо ба масоҳати 70 метри мураббаъ сӯхта зарар дидаанд.
Аз идораи сӯхторнишонӣ гуфтанд, ки ба ҷойи ҳодиса 10 мошини обпоши сӯхторнишонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар шуда ва ҳудуди 150 миллион сомонӣ иморату иншоот аз коми оташ наҷот дода шудааст.
Зимнан сабаб ва хисороти аслии ин ошташсӯзӣ таҳқиқ карда мешавад.
Бо сард шудани ҳарорат дар ин авохир рухдоди ҳодисаҳои сӯхтор дар навоҳии вилояти Суғд бештар шудааст.
Субҳи рӯзи 8 декабр низ ҳуҷраи техникии мактаби № 51 ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара ва қабл аз он дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Мегаойл” дар шаҳри Истаравшан сӯхтори азиме рух дод.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Суғд дар маҷмуъ 460 мавриди оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух додаанд.