Маҷористон ба "шантаж" ва ҳамлаҳои Иттиҳоди Аврупо омода мешавад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкФлаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве
Флаг ЕС у здания представительства Европейского союза в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи сиёсатмадори маҷорӣ, бояд аз Иттиҳодияи Аврупо шантажи пулию сиёсӣ, паҳнсозии иттиҳомоти сохтаву дурӯғро интизор шуд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раҳбари вазорати хориҷаи Маҷористон Петер Сиярто хостори омодагӣ ба "ҳамлаҳои ҷиддӣ"-и Иттиҳодияи Аврупо шуд.
Чунон ки ходими сиёсии Маҷористон дар форуми якдилии шаҳрвандӣ изҳор намуд, "Брюссел ва дастгоҳи таблиғотии либералй" тайёранд, ки барои расидан ба мақсадҳои худ аз ҳар восита истифода баранд.

"Ҳоло амалан чунин намуди "шантаж" вуҷуд надорад, ки Брюссел алайҳи Маҷористон аз он кор нагирад. <...> Дар оянда, албатта, мо бояд ба ҳамлаҳои ҷиддии он омода шавем", - гуфт Сиярто.

Вай таъкид кард, ки ба ин кишвар "ҳамеша ҳамла" мекарданд, онҳо ин корро "бо хушунат" мекарданд, аммо дар ниҳоят ҳамеша маълум шуд, ки Маҷористон ҳақ аст.
Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, сиёсатмадорони аврупоӣ омодаанд ва аз тамоми ҳилаҳои ифлос: "шантаж"- и пулӣ ва сиёсӣ, паҳн кардани иқдомоти сохтаву дурӯғ истифода хоҳанд кард.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Маҷористон хостори бознигарии таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ба гуфтаи вай, Брюссел, сарфи назар аз муваффақияти сиёсати охирин, аксар вақт нисбат ба Будапешт ба таври норозӣ сухан мегуфт.
Сиярто ёдовар шуд, ки Маҷористон дар марзи ҷанубӣ, вақте барои қабули муҳоҷирон талаб карда мешуд, деворе сохтааст.
Ин кишвар ваксинаҳои COVID-19-ро аз Русия ва Чин харид, зеро Иттиҳодияи Аврупо доруҳои тавлиди ғарбиро интизор буд ва ҳоло барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украина талош дорад.
Лентаи хабарҳо
0