Ҳушдор аз тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

© Пресс-служба компании "IRS" Тамбашавӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Тамбашавӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Барои таъмини бехатарии ронандагон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар роҳ постгоҳҳои сайёри наҷотдиҳандагони КҲФ таъсис дода шудаанд.
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб фаромадани тарма пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи маълумоти ҳавошиносон, аз 9 то 11 декабри соли 2022 дар қитъаи хатсайр аз километри 47 то 79 фаромадани тарма дар назар аст.
Ба ин далел, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд.
Барои таъмини амнияти ронандагон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд посгоҳҳои сайёри наҷотдиҳандагони КҲФ таъсис дода шудаанд.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
КҲФ рӯзҳои хатарзои декабрро дар Тоҷикистон эълон кард
Дар дигар роҳҳои ҷумҳурӣ кормандони кумита якҷоя бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ посбонӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулодда дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл дар ин масир бинобар резиши барфи зиёд ду садама сабт шуд, ки хушбахтона дар пай қурбонӣ надошт.
Сонеҳаи аввал дар 67-ум километр дар пайи бархурди "Volkswagen" бо "Mercedes-Benz Sprinter" рух дод.
Назхдикиҳои зуҳр бошад дар 57-ум километр бархурди ду "Dulan" сабт шуд, ки ҳаракатро дар шоҳроҳ ба муддатн маҳдуд кард.
Лентаи хабарҳо
0