Густариши ҳамкориҳои китобхонаи милии Тоҷикистону бо Арабистони Саудӣ

© Китобхонаи миллии ТоҷикистонСафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон
Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки миёни китобхонаҳои ду кишвар шуд санади ҳамкорӣ ба имзо расад
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан кардааст, иттилоъ додааст Китобхонаи миллии кишвар.
Иттилоъ дода шудааст, ки Ҷумахон Файзализода мудири Китобхона ба сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ 22 гӯшаи китоби кишварҳои хориҷӣ амал мекунад, ки миёни онҳо гӯшаи китоби Арабистони Саудӣ низ мавҷуд аст.
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон зикр кард: “ростӣ, диққати маро ду чиз, яке бинои муҳташами Китобхонаи миллӣ ва дигар ба роҳ мондани чунин озмуне бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба худ ҷалб намуд”.
Вай афзуд, воқеан, Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат бунёд ёфта, фазои басо гуворои маърифату донишро дар худ ғунҷондааст.
Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Аз фарҳанг то иқтисод: машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе
“Чун шумо аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ёдовар шудед, ростӣ чунин пешниҳоду ба роҳ мондани озмун барои бештар мутолиа намудани насли имрӯзи ҷомеа зарур ва ба манфиати ҳар мамлакат мебошад. Барои густариши минбаъдаи равобит месазад санади ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои ду мамлакат тартиб дода шавад”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб ва толори намоиши китоб, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷой гирифтаанд, дидан намуданд.
Таваҷҷуҳи Сафирро бештар Осорхонаи китоб, ки он ҷо китобҳои қадимӣ ҷой доранд, бахусус китоби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва дастнавиштаҳо аз осори Ҳаким Умари Хайём ҷалб намуд.
Ҳамзамон Сафир ба хатҳои қадимӣ, аз қабили хатти авастоӣ ва паҳлавӣ таваҷҷуҳи хосса намуд. Ҳамчунин меҳмонон аз шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир дидан намуданд.
Ҳамзамон Сафири Арабистони Саудӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуда, соҳиби корти ифтихории китобхона гардид.
Лентаи хабарҳо
0