https://sputnik.tj/20221208/peterburg-qaziya-marg-farzand-muhojir-tojik-tahqiq-1053372394.html
Дар Петербург қазияи марги як фарзанди муҳоҷирони тоҷик таҳқиқ мешавад
Дар Петербург қазияи марги як фарзанди муҳоҷирони тоҷик таҳқиқ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар хонаи муҳоҷирони корӣ, зодаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Красногвардейскии пойтахти шимолӣ зиндагӣ мекарданд, рух додааст
2022-12-08T14:51+0500
2022-12-08T14:51+0500
2023-02-08T19:46+0500
санкт-петербург
муҳоҷир
фарзанд
қазия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103109/68/1031096852_0:27:3119:1781_1920x0_80_0_0_81b7bda0bc9cf6537cb08edc661bdb46.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар як хонаводаи зодагони Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург муқим аст, кӯдаки сесола ҷон бохт, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.Кӯдак пас аз беморӣ дар манзили муҳоҷирон, ки дар хиёбони Пискаревский дар ноҳияи Красногвардейский воқеъ буд, ҷон дод. Пулис дарҳол пас аз ин қазия ба ҷои ҳодиса шитофт. Маълум мешавад, ки падару модар писарро дар хона табобат кардаанд. Ҳанӯз 5 декабр ӯ худро бад ҳис кардаву табаш баланд ва дар ӯ сулфаву оби бинӣ пайдо мешавад, аммо муҳоҷирон ба табибон муроҷиат накарда, танҳо бо доруҳои аз дорухона харидашуда ӯро табобат мекарданд. Падари ин писарбача, ҷавони 26-солаи тоҷик, ба таври ғайрирасмӣ ба ҳайси ғизорасон кор мекунад, аммо патент дорад. Модари 23-сола кӯдак бошад, бидуни қайд ба сар мебарад ва дар ягон ҷо кор намекунад. Аз рӯи ин далел тафтишот идома дошта, коршиносон сабаби дақиқи марги ноболиғро муайян мекунанд.
https://sputnik.tj/20221208/tabibon-krasnodar-mujiza-tojikro-anomaliya-nodir-najot-video-1053367210.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103109/68/1031096852_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_e0dda8e324e20c01edaa9eb92f83221c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
петербург қазия марги фарзанд муҳоҷирон тоҷик таҳқиқ
петербург қазия марги фарзанд муҳоҷирон тоҷик таҳқиқ
Дар Петербург қазияи марги як фарзанди муҳоҷирони тоҷик таҳқиқ мешавад
14:51 08.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Фоҷиа дар хонаи муҳоҷирони корӣ, зодаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Красногвардейскии пойтахти шимолӣ зиндагӣ мекарданд, рух додааст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар як хонаводаи зодагони Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург муқим аст, кӯдаки сесола ҷон бохт, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Кӯдак пас аз беморӣ дар манзили муҳоҷирон, ки дар хиёбони Пискаревский дар ноҳияи Красногвардейский воқеъ буд, ҷон дод.
Пулис дарҳол пас аз ин қазия ба ҷои ҳодиса шитофт.
"Онҳо ҷасади кӯдаки сесола, шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо карданд, ки аломатҳои берунаи марги маҷбурӣ надошт. Ноболиғ дар қаламрави Федератсияи Русия сабти ном нашудааст", - афзуд манбаъ.
Маълум мешавад, ки падару модар писарро дар хона табобат кардаанд.
Ҳанӯз 5 декабр ӯ худро бад ҳис кардаву табаш баланд ва дар ӯ сулфаву оби бинӣ пайдо мешавад, аммо муҳоҷирон ба табибон муроҷиат накарда, танҳо бо доруҳои аз дорухона харидашуда ӯро табобат мекарданд.
Падари ин писарбача, ҷавони 26-солаи тоҷик, ба таври ғайрирасмӣ ба ҳайси ғизорасон кор мекунад, аммо патент дорад.
Модари 23-сола кӯдак бошад, бидуни қайд ба сар мебарад ва дар ягон ҷо кор намекунад.
Аз рӯи ин далел тафтишот идома дошта, коршиносон сабаби дақиқи марги ноболиғро муайян мекунанд.