Анҷоми тамринҳои Қӯшунҳои зудамали артиши Тоҷикистон дар машқгоҳи “Фахробод”

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
Қӯшунҳои зудамали артиши Тоҷикистон дар машқгоҳи “Фахробод”-и гарнизони Хатлон машқҳои махсуси баталионӣ-тактикӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Дар машқгоҳи “Фахробод” гарнизони Хатлон машқҳои махсуси баталионӣ-тактикӣ анҷом доданд, иттилоъ додааст вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, машқҳои мазкур дар ду марҳила гузаронида шуда, роҳбарони машғулият нахуст аз рӯйи тамсила ё худ макет матлаби ба машқҳо пешбинигардидаро муайян ва мушаххас намуданд.
Табқи баргузории тамринҳои навбатӣ, гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар бинои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ менамуд ва гурӯҳи дигар бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехост вазъиятро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд.
Президент РФ Владимир Путин во время посещения военного полигона Западного военного округа в Рязанской области для проверки хода подготовки мобилизованных военнослужащих - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Санҷишу тирандозии Путин дар тамрингоҳи низомӣ: аксҳои аҷиб
Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳ ҷузъу томҳои ҳамлаовари десантӣ бо истифодаи техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, авиатсияи ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони низомӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ амалиёти зиддитеррористӣ анҷом доданд.
Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза ба зидди афроди ғайриқонуни мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои зудамал ва Бригадаи ҳамлаовари десантӣ бевосита назорат карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0