https://sputnik.tj/20221207/sarvazir-mughuliston-etiroz-1053345637.html
Сарвазири Муғулистон пас аз мавҷи эътирозҳо ба сокинони чӣ гуфт?
Сарвазири Муғулистон пас аз мавҷи эътирозҳо ба сокинони чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Муғулистон ба сокинон муроҷиат карда, онҳоро даъват кард, ки дар пасманзари эътирозҳо дар Улан-Батор оромиро нигоҳ доранд
2022-12-07T14:16+0500
2022-12-07T14:16+0500
2022-12-07T14:16+0500
эътироз
муғулистон
сарвазир
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053337326_0:0:3073:1730_1920x0_80_0_0_82b41519f0c9b9c7dd1d48440b5314fa.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сарвазири Муғулистон Лувсаннамсрейн Оюун-Эрдэнэ аз мардум даъват кард, ки дар пасманзари тазоҳуроти густарда оромиро нигоҳ доранд ва ваъда дод, ки ҳамаро ҳал хоҳанд кард. Пахши суханронии ӯ дар саҳифаи портали интернетии ikon.mn дар шабакаи иҷтимоӣ сурат гирифт. Пас аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи дуздии ангишт ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллар чанд ҳазор эътирозгар дар назди Кохи ҳукумат дар пойтахти Муғулистон ба эътироз баромаданд.Ба гуфтаи вазири адлияи ин кишвар, мақомоти Муғулистон аз ҳукумати Чин дархост доранд, ки ба таҳқиқи дуздии маводи сӯхт ҳамроҳ шавад, зеро давлат ҳудуди 86 дарсади содироти худро ба Чин мефиристад, ки беш аз нисфи онро ангишт ташкил медиҳад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳаҷми ангишти содиротӣ аз Муғулистон аз ҳаҷми воридшуда ба Чин фарқ мекунад.Эътирозҳо дар Эрон ва Чин: Ғарб корти кӯҳнаро ба бозӣ даровардБа гузориши портали CentralAsia, ҳукумати Чин мансабдоронеро, ки дар дуздии ангишт аз Муғулистон даст доштанд, ба эъдом маҳкум кардааст. Афзун бар ин, Улан-Батор аз Чин номи сиёсатмадорони Муғулистонро, ки дар дуздӣ даст доранд, аллакай гирифтааст.
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053337326_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_736d393c681a509edade695cb7c6fde7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суханронӣ, сарвазир, муғулистон, эътироз
суханронӣ, сарвазир, муғулистон, эътироз
Сарвазири Муғулистон пас аз мавҷи эътирозҳо ба сокинони чӣ гуфт?
Сарвазири Муғулистон ба сокинон муроҷиат карда, онҳоро даъват кард, ки дар пасманзари эътирозҳо дар Улан-Батор оромиро нигоҳ доранд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сарвазири Муғулистон Лувсаннамсрейн Оюун-Эрдэнэ аз мардум даъват кард, ки дар пасманзари тазоҳуроти густарда оромиро нигоҳ доранд ва ваъда дод, ки ҳамаро ҳал хоҳанд кард.
"Мо кор карда истодаем, ки ҳарчӣ зудтар тафтишот гузаронем. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ором бошед", - гуфт нахуствазир.
Пахши суханронии ӯ дар саҳифаи портали интернетии ikon.mn дар шабакаи иҷтимоӣ сурат гирифт.
Пас аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи дуздии ангишт ба маблағи 1 миллиарду 800 миллион доллар чанд ҳазор эътирозгар дар назди Кохи ҳукумат дар пойтахти Муғулистон ба эътироз баромаданд.
Ба гуфтаи вазири адлияи ин кишвар, мақомоти Муғулистон аз ҳукумати Чин дархост доранд, ки ба таҳқиқи дуздии маводи сӯхт ҳамроҳ шавад, зеро давлат ҳудуди 86 дарсади содироти худро ба Чин мефиристад, ки беш аз нисфи онро ангишт ташкил медиҳад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳаҷми ангишти содиротӣ аз Муғулистон аз ҳаҷми воридшуда ба Чин фарқ мекунад.
Ба гузориши портали CentralAsia, ҳукумати Чин мансабдоронеро, ки дар дуздии ангишт аз Муғулистон даст доштанд, ба эъдом маҳкум кардааст.
Афзун бар ин, Улан-Батор аз Чин номи сиёсатмадорони Муғулистонро, ки дар дуздӣ даст доранд, аллакай гирифтааст.