https://sputnik.tj/20221207/rusiya-ittifoqchiyon-himoyat-1053359938.html
Путин: Русия иттифоқчиёни худро бо ҳар восита ҳимоят хоҳад кард
Путин: Русия иттифоқчиёни худро бо ҳар восита ҳимоят хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия гуфт, кишвараш силоҳи ҳастаиро ба касе намедиҳад, ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки муноқишаҳоро ба вуҷуд намеорад
2022-12-07T21:25+0500
2022-12-07T21:25+0500
2022-12-07T21:27+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
сиёсат
яроқпартоӣ
ҷанги ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053359099_0:0:3161:1779_1920x0_80_0_0_7d71f6b54ab40968d4ac5497a37977c3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, Русия аз муттаҳидони худ бо тамоми воситаҳо дифоъ хоҳад кард. Ӯ зимни посух додан ба суол дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣ, қайд кард, ки яроқи ҳастаӣ аз ҳама зиёд дар қитъаи Урупо ҷойгир аст.Вай таъкид кард, ки Русия ба фарқ аз Амрико, дар кишварҳои дигар силоҳи ҳастаӣ надорад. Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки Русия қасд надорад, ки силоҳи ҳастаиро ба мисли риштарош истифода кунад.Путин дар бораи басиҷи навбатӣ: ниёз нестПутин қайд кард, ки Русия "ақлашро гум накардааст" ва аз силоҳи ҳастаӣ комилан огоҳ аст ва афзуд, ки ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки боиси густариши низоъҳо намешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамагӣ инро дарк кунанд. "Мо ин воситаҳоро дорем, онҳо дар шакли пешрафта ва замонавитар аз ҳар кишвари ҳастаидор ҳастанд, ин аён аст. Имрӯз ин як далели ошкор аст", - гуфт раҳбари Русия.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/07/1053359099_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6a0b2d1669be1f5e82d6bdf0940fb6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, иттифоқчиён, ҳимоят
русия, иттифоқчиён, ҳимоят
Путин: Русия иттифоқчиёни худро бо ҳар восита ҳимоят хоҳад кард
21:25 07.12.2022 (Навсозишуда: 21:27 07.12.2022) Президенти Русия гуфт, кишвараш силоҳи ҳастаиро ба касе намедиҳад, ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки боиси густариши низоъҳо намешавад
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, Русия аз муттаҳидони худ бо тамоми воситаҳо дифоъ хоҳад кард.
Ӯ зимни посух додан ба суол дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣ, қайд кард, ки яроқи ҳастаӣ аз ҳама зиёд дар қитъаи Урупо ҷойгир аст.
Вай таъкид кард, ки Русия ба фарқ аз Амрико, дар кишварҳои дигар силоҳи ҳастаӣ надорад.
"Мо силоҳи ҳастаии худро ба касе надодаем ва намедиҳем, аммо, албатта, мо муттаҳидонамонро бо тамоми воситаҳое, ки дар ихтиёр дорем, ҳифз хоҳем кард", - гуфт Путин.
Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки Русия қасд надорад, ки силоҳи ҳастаиро ба мисли риштарош истифода кунад.
Путин қайд кард, ки Русия "ақлашро гум накардааст" ва аз силоҳи ҳастаӣ комилан огоҳ аст ва афзуд, ки ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки боиси густариши низоъҳо намешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамагӣ инро дарк кунанд.
"Мо ин воситаҳоро дорем, онҳо дар шакли пешрафта ва замонавитар аз ҳар кишвари ҳастаидор ҳастанд, ин аён аст. Имрӯз ин як далели ошкор аст", - гуфт раҳбари Русия.