Қазоқистону Тоҷикистонро хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
Хатсайри наве, ки як шаҳри Қазоқистонро бо пойтахти Тоҷикистон мепайвандад, дар давраи баҳору тобистони соли 2023 роҳандозӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Қазоқистон ба Тоҷикистон парвози нав оғоз мекунад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди инфрасохтор.
Сухан дар бораи муқаррар намудани алоқаи ҳавоии байни Шимкент ва Душанбе меравад.
Интизор меравад, ки ифтитоҳи парвоз на пештар аз 6 моҳ, дар давраи баҳор-тобистони соли 2023 роҳандозӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз маълум нест, ки кадом ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон мусофиронро интиқол медиҳад.
Дар айни замон байни кишварҳо чанд парвоз анҷом дода мешавад.
Ҳамин тариқ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Алмаато ва парвозҳои бозгашт анҷом медиҳад.
Илова бар ин, Air Astana низ, интиқоли байни шаҳрҳоро таъмин мекунад.
Душанбе ва Боку мехоҳанд парвози мустақим боз кунанд
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон қасд доранд дар ояндаи наздик дар масири Душанбе-Боку парвози мустақим ифтитоҳ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0