Қадрдонии 3 муҳоҷири тоҷик барои корҳои хуб дар Маскав

© Sputnik Лауреат конкурса "СтоЛИЧНЫЕ истории"
Лауреат конкурса СтоЛИЧНЫЕ истории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Се намояндаи Тоҷикистон дар озмуни шаҳри Маскав, ки ба корҳои накӯи муҳоҷирон дар пойтахти Русия бахшида шудааст, соҳиби ҷоиза гардиданд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Барандаҳои озмуни "Сад саргузашти пойтахт", ки ба корҳои хайри муҳоҷирон дар Маскав бахшида шуд, эълон гардиданд ва дар миёнашон зодаҳои Тоҷикистон низ ҳастанд.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ҷоиза "Барои саҳм дар ташкили кор бо ҷавонони миллатҳои мухталиф"-ро, Итёрбек Туймамадов, зодаи ВМКБ гирифт.
Ба намояндаи дигари Тоҷикистон, зодаи ВМКБ Масрур Музаффарбеков ҷоиза "Барои дили меҳрубон ва кумак ба ниёзмандон" супорида шуд.
Музаффарбеков 10 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва аз назди пиронсолони ниёзманд бе дароз кардани дасти кумак гузашта наметавонад. "Маҳз тарбия муайян мекунад, ки инсон чӣ гуна ба воя мерасад", - мегӯяд ҷоизадор.
Рабочие во время ремонтно-строительных работ в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Бидуни муҳоҷирон намешавад: Дар бахши сохтмони Русия камбуди мутахассисон эҳсос мешавад
Ҷоизадори сеюм аз Тоҷикистон роҳбари намояндагии созмони ҷамъиятии умумирусиягии "Бародарии ҷангӣ" дар ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Давлатов шуд. Вай дар номинаи "Таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва равобити байни миллатҳо" беҳтарин дониста шуд.
Таъкид шуд, ки бо мусоидати Давлатов гулгашт дар як оромгоҳи ҷанговарони байналмилалӣ, ки дар Афғонистон хизмат кардаанд, бозсозӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки озмуни "Сад саргузашти пойтахт" бори нахуст бо дастгирии Раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Маскав ва Бунёди "Технологияҳои байналмилалии ҳамгироӣ" баргузор мешавад.
Ҳадафи ин озмун муаррифии корҳои накӯи муҳоҷирони хориҷӣ, ки дар Русия иқомат доранду корнамоиҳои беғаразона анҷом медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0