Баъди даъватҳои президент: кишти такрорӣ дар Тоҷикистон аз нақша бамаротиб зиёд иҷро шуд

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкМассовая посевная кампания
Массовая посевная кампания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
Нақшаи кишти такрории зироатҳо дар Тоҷикистон, ки барои соли равон наздики 96 ҳазор гектарро ташкил медод, беш аз 2 баробар барзиёд иҷро гардидаст
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи декабр кишти такрории зироатҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон наздики 198 ҳазор гектарро ташкил додааст.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки тибқи дурнамо кишти зироатҳо дар майдони 96 ҳазор гектар пешбинӣ шуда буд.
Таъкид шуд, ки нақшаи кишти такрорӣ дар ВМКБ 96 гектарро ташкил медод, аммо дар амал 123 гектарро ташкил дод.
"Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ 30 ҳазор гектар буда, 40 ҳазор гектар иҷро шуд", - омадааст дар иттилоия.
Нақшаи кишти такрорӣ дар Хатлон муодили 130,5 ҳазор гектар буда, дар амал наздики 132 ҳазор амалӣ шуд.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Ҷамъоварии наздик ба як миллион тонн ғаладонагӣ дар Тоҷикистон
Истисно шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мебошад, ки нақшаро иҷро накардааст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нақшаи кишти зироатҳои такрорӣ барои навоҳии тобеи марказ 26,4 ҳазор гектар буд, аммо ҳамагӣ дар ба ҳолати аввали декабр дар майдони 25,4 ҳазор гектар амалӣ шудаст.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояш пайваста аз мураккаб шудани вазъи таъминот бо ғизо ҳушдор дода, шаҳрвандони кишварро ба истифодаи самараноки замину кишти такрорӣ даъват мекунад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин аз рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар Тоҷикистон гузориш дода, афзуд, ки тибқи дурнамо бояд дар майдони 605 ҳазор гектар шудгор гузаронида шавад.
Таъкид шуд, ки бар асоси дурнамо бояд дар майдони наздики 173 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронда шавад, ба ҳолати аввали декабр дар майдони 178 ҳазор гектар анҷом дода шудаст. Аз ин ғалладонагиҳо 164 ҳазор гектар, картошаки барвақтӣ 325 гектар ва сабзавоти бавақтӣ наздики 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0