Зеботар аз пешинаҳо: Макону замони насби арчаи асосии солинавӣ дар Суғд маълум шуд

© Sputnik В Худжанде устанавливают главную елку Согда
В Худжанде устанавливают главную елку Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Хуҷанд барои рост кардани баландтарин арчаи соли навии шимоли Тоҷикистон гурӯҳи корӣ сафарбар карда, афзудаст, он зеботар аз пешинаҳо хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Гурӯҳи кории иборат аз сохтмончиён, барқкорон ва мутахассисони дигар муваззаф шудааст, давоми чанд рӯзи дигар насби баландтарин арчаи соли навиро дар Хуҷанд ба анҷом расонад.
Сармуҳандиси Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд, Шарифҷон Турсунов иттилоъ дод, ки аллакай насби арча оғоз шудааст.
Насби арчаи соли навӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар канори муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ҷараён дорад, афзуд ӯ.
Турсунов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон нақшаю намои баландтарин арчаи солинавиро шарҳ дод.

"Арчаи солинавӣ бо баландаии 23 метр ва паҳноии 8 метр афрохта хоҳад шуд. Он тимсоли дарахти қадбаланди сӯзанбарг буда, дар болояш ситораи як метра дорад, ки давр мезанад" – гуфт сармуҳандис.

Ин масъули идораи ҳукумати Хуҷанд ҳамчунин тавзеҳ дод, ки ба ҷузъ афрохтани арчаи солинавӣ дар ин хиёбони шаҳр, ки макони аслии баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад, шаҳраки соли навӣ низ сохта мешавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, шаҳраки соли навӣ 8 дарвоза иборат хоҳад буд, ки имкони воридшавии сокинону меҳмонон ба он ҷойро фароҳам мекунад.
© Sputnik В Худжанде устанавливают главную елку Согда
В Худжанде устанавливают главную елку Согда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
В Худжанде устанавливают главную елку Согда
Масъулони идораи фарҳанги вилояти Суғд шурӯъ аз 15 декабр баргузории намоишномаву чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи соли нави мелодии 2023 оғоз хоҳад шуд.
Феълан арчаҳо дар маконҳои дигари шимоли Тоҷикистон, аз ҷумла дар майдони Регистони Хуҷанд, воқеъ дар канори бозори "Панҷшанбе"-и Хуҷанд насб карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0