https://sputnik.tj/20221206/vakolatdorhoi-huquqi-insoni-rusiya-ukraina-1053314910.html
Тамоси ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони Русия ва Украина: чиро баррасӣ доранд?
Тамоси ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони Русия ва Украина: чиро баррасӣ доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия изҳори умед кард, тамоси башардӯстонае, ки бо ҳамтои украинияш барқарор кардааст, канда нахоҳад шуд
2022-12-06T15:45+0500
2022-12-06T15:45+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
башардӯстона
иҷтимоӣ
омбудсмен
татяна москалкова
донбасс
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/32/1029483250_0:0:3292:1853_1920x0_80_0_0_bb3744f0235922d45ca0274a6879e9d4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Омбудсмени Русия Татяна Москалкова дар мулоқоти охираш бо омбудсмени Украина Дмитрий Любинетс имкони аёдати маҳбусони маҷрӯҳшударо баррасӣ кардааст. Дар ин бора Маскалкова дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости" хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар мавриди рӯйхати афроди гумшуда табодули назар кардаанд. Вай илова намуд, ки имкони боздидаш аз маҷруҳон дар Украина ва аёдати Любинетс аз ҷароҳатбардоштагон дар Русия баррасӣ гардид. Москалкова афзуд, ки бо Любинетс дар бораи чанд парвандаи мушаххас мувофиқат кардааст, ки аз ҷумла яке марбути дигарбора ба ҳам овардани кӯдак бо модараш мебошад. Ҳамчунин мактуб ба як асири украинӣ, расонидани кумаки тиббӣ аз масоили дигари мулоқотҳои ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони ду кишвар арзёбӣ шудаст. "Имрӯз мо пайваста бо ӯ дар тамос ҳастем - ё ман ё кормандони дастгоҳи ман, ки бо дастгоҳи ӯ ҳамкорӣ мекунанд ва ман мехоҳам, ки ин пули башардӯстона танҳо аз пояҳои инсонпарварӣ фаъолият кунаду касе натавонад онро ангезаи сиёсӣ диҳад", - гуфт ваколатдор. Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.
https://sputnik.tj/20221126/lavrov-ukraina-nizomi-millatgaro-raho-1053086374.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/32/1029483250_402:0:3133:2048_1920x0_80_0_0_73dca6e5deca7aaa7dc44a144b969ca0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамос, омбудсмен, русия, украина
тамос, омбудсмен, русия, украина
Тамоси ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони Русия ва Украина: чиро баррасӣ доранд?
15:45 06.12.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия изҳори умед кард, тамоси башардӯстонае, ки бо ҳамтои украинияш барқарор кардааст, канда нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Омбудсмени Русия Татяна Москалкова дар мулоқоти охираш бо омбудсмени Украина Дмитрий Любинетс имкони аёдати маҳбусони маҷрӯҳшударо баррасӣ кардааст.
Дар ин бора Маскалкова дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ваколатдори ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар мавриди рӯйхати афроди гумшуда табодули назар кардаанд.
"Вохӯрии охирини мо дар Брюссел, рӯ ба рӯ буд, 3 даври ин мулоқотҳо баргузор шуд. Мо мубодилаи рӯйхат, мактубҳо барои ҷустуҷӯи гумшудаҳо ва агар имкон бошад аёдати зиндониёни маҷруҳро баррасӣ кардем", - гуфт ваколатдори ҳуқуқ.
Вай илова намуд, ки имкони боздидаш аз маҷруҳон дар Украина ва аёдати Любинетс аз ҷароҳатбардоштагон дар Русия баррасӣ гардид.
Москалкова афзуд, ки бо Любинетс дар бораи чанд парвандаи мушаххас мувофиқат кардааст, ки аз ҷумла яке марбути дигарбора ба ҳам овардани кӯдак бо модараш мебошад.
Ҳамчунин мактуб ба як асири украинӣ, расонидани кумаки тиббӣ аз масоили дигари мулоқотҳои ваколатдорҳои ҳуқуқи инсони ду кишвар арзёбӣ шудаст.
"Имрӯз мо пайваста бо ӯ дар тамос ҳастем - ё ман ё кормандони дастгоҳи ман, ки бо дастгоҳи ӯ ҳамкорӣ мекунанд ва ман мехоҳам, ки ин пули башардӯстона танҳо аз пояҳои инсонпарварӣ фаъолият кунаду касе натавонад онро ангезаи сиёсӣ диҳад", - гуфт ваколатдор.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.