https://sputnik.tj/20221206/qimat-afghoniston-narkh-tukhm-gusht-garon-1053295965.html
Қиматӣ дар Афғонистон: нархи тухму гӯшт 50% гарон шуд
Қиматӣ дар Афғонистон: нархи тухму гӯшт 50% гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон ин ду маводи ғизоиро низ аз дигар давлатҳо ворид мекунад. Бозорҳоро ҷумҳуриҳои Покистону Эрон ва Ӯзбекистон бо гӯшту мурғ таъмин мекунанд 06.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-06T09:42+0500
2022-12-06T09:42+0500
2022-12-06T09:42+0500
афғонистон
иҷтимоъ
нархи гарон
маводи ғизоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051627478_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_95d937ee31e3374fa8972ee7c3c048aa.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон бинобар афзоиш ёфтани қимати маводи ғизоӣ даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад Pars today. Ба иттилои манбаъ, мардум қариб дар тамоми шаҳрҳо аз ҷумла дар Кобул ҳам аз якбора баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ сахт нигаронанд.Гуфта мешавад, нархи гӯшт ва мурх дар бозорҳои Кобул то 50 дарсад қимат шудааст.Агар пештар мардум 30 донна тухмро бо арзиши 200 афғонӣ харидорӣ мекард, ҳоло нарх то 300 афғонӣ гарон шудааст.Маврид ба зикр аст, ки бозорҳои Афғонистонро асосан ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эрон бо гӯшту тухм таъмин мекунанд.Қаблан, Барномаи ҷаҳонии ғизо дар як гузорише қайд намуд, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда, ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.Ин ҳушдор дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо гузашт беш аз як сол аз тасаллути толибон бар Афғонистон фақру гуруснагӣ афзоиш ёфтааст
https://sputnik.tj/20220609/bj-kumakho-smm-faqr-afghonistonro-1049053452.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051627478_240:0:2971:2048_1920x0_80_0_0_bb63be39c6bcdd8999a11f040d87f525.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, иҷтимоъ, нархи гарон, маводи ғизоӣ
афғонистон, иҷтимоъ, нархи гарон, маводи ғизоӣ
Қиматӣ дар Афғонистон: нархи тухму гӯшт 50% гарон шуд
Афғонистон ин ду маводи ғизоиро низ аз дигар давлатҳо ворид мекунад. Бозорҳоро ҷумҳуриҳои Покистону Эрон ва Ӯзбекистон бо гӯшту мурғ таъмин мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон бинобар афзоиш ёфтани қимати маводи ғизоӣ даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад Pars today.
Ба иттилои манбаъ, мардум қариб дар тамоми шаҳрҳо аз ҷумла дар Кобул ҳам аз якбора баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ сахт нигаронанд.
Гуфта мешавад, нархи гӯшт ва мурх дар бозорҳои Кобул то 50 дарсад қимат шудааст.
Агар пештар мардум 30 донна тухмро бо арзиши 200 афғонӣ харидорӣ мекард, ҳоло нарх то 300 афғонӣ гарон шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки бозорҳои Афғонистонро асосан ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эрон бо гӯшту тухм таъмин мекунанд.
Қаблан, Барномаи ҷаҳонии ғизо дар як гузорише қайд намуд, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда, ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.
Ин ҳушдор дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо гузашт беш аз як сол аз тасаллути толибон бар Афғонистон фақру гуруснагӣ афзоиш ёфтааст