Президент судяҳои нав дар ВМКБ-ро таъйин кард: Киҳоянд?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи в суде, архивное фото
Молоток судьи в суде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти додгоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тағйироти густурдаи кадрӣ, аз ҷумла дар мақоми роҳбариро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳии кишвар нашр шуд.
Бар асоси ин фармон, Бобизода Зафар Бобоназар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯшон озод гардида, муовини якуми раиси суди ВМКБ таъйин гардид.
Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ишкошим барканору ба мақоми раиси суди шаҳри Хоруғ таъин карда шуд.
Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, мақоми судяи суди ВМКБ-ро гирифтаст.
Баҳриддинзода Ҳилол Эсо аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ озод гардида, раиси суди ин ноҳия шудаст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Тағйироти кадрӣ: шарту талаби Раҳмон аз додрасҳои навтаъйин дар Тоҷикистон
Саломатшозода Муъмин Давлатшо аз вазифаи судяи суди шаҳри Хоруғ ба мақоми раиси суди ноҳияи Ишкошим, Савриддинзода Акмалҷон Одилҷон аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанд ба мақоми судяи суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ гузаронда шудаст.
Маҷидзода Фирдавс Маҷид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин гардидаст.
Абдуҳамидзода Валиҷон Абдумаҷит, ки то ҳол вазифаи судяи суди ВМКБ буд, судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин шудаст.
Ҳамчунин Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек судяи суди шаҳри Хоруғ, Сафарзода Шосафар Акбаршоҳ судяи суди ноҳияи Рӯшон, Шарофзода Далер Сабоҳиддин судяи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ ва Муносиб Ҳусейн Оҷимамад судяи суди иқтисодии ВМКБ таъйин шудаст.
Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул вазифаи судяи суди ноҳияи Роштқалъаро соҳиб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0