https://sputnik.tj/20221206/mashhad-taqvityai-tijorat-tojikiston-eron-1053317480.html
Дар Машҳад имкони тақвитяи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад
Дар Машҳад имкони тақвитяи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯзҳо дар шаҳри Теҳрон дар понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон таҳкими равобит ва густариши ҳамкорҳои ду кишвар баррасӣ мешаванд
2022-12-06T16:55+0500
2022-12-06T16:55+0500
2022-12-06T16:55+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
тақвият
тиҷорат
эрон
равобит
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Машҳади Эрон конфронс дар бораи тақвияти имконоти тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар ин кишвар баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Иран.ру” дар истинод ба Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон хабар додааст.Таъкид шудааст, ки чорабинии мазкур, аз сӯйи утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин ҳамоиши тиҷорӣ бо ҳузури ҳайъати тиҷории Тоҷикистон баргузор мешавад.Дар ҳошияи конфронс мулоқотҳои B2B миёни тоҷирони ду кишвар дар назар аст. Инчунин тоҷирони ду кишвар дар бахшҳои саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасониҳои техникӣ ва муҳандисӣ баргузор табодули назар хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон як ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиҷорат ва саноат имзо шуда буданд.Ҳамзамон имрӯзҳо дар Теҳрон Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон оғоз ба кор кардааст.Ду тараф дар фазоӣ дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ,фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо ва гурӯҳҳои кори, пайгирии тавофуқот ва тавсиаи ҳамкориҳоро мавриди барраси қарор медиҳад.
https://sputnik.tj/20221205/mubodila-kolo-tojikiston-eron-afzoish-1053294456.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, машҳад, иқтисод, сармоя, тиҷорат, тақвият
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, машҳад, иқтисод, сармоя, тиҷорат, тақвият
Дар Машҳад имкони тақвитяи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад
Имрӯзҳо дар шаҳри Теҳрон дар понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон таҳкими равобит ва густариши ҳамкорҳои ду кишвар баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Рӯзи 21 декабр дар Машҳади Эрон конфронс дар бораи тақвияти имконоти тиҷорати Эрон бо Тоҷикистон ва сармоягузорӣ дар ин кишвар баргузор мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Иран.ру” дар истинод ба Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки чорабинии мазкур, аз сӯйи утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин ҳамоиши тиҷорӣ бо ҳузури ҳайъати тиҷории Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ҳошияи конфронс мулоқотҳои B2B миёни тоҷирони ду кишвар дар назар аст. Инчунин тоҷирони ду кишвар дар бахшҳои саноати хурокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасониҳои техникӣ ва муҳандисӣ баргузор табодули назар хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон як ёддошти тафоҳум барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаи тиҷорат ва саноат имзо шуда буданд.
Ҳамзамон имрӯзҳо дар Теҳрон Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон оғоз ба кор кардааст.
Ду тараф дар фазоӣ дӯстона, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ,фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ташкили кумитаҳо ва гурӯҳҳои кори, пайгирии тавофуқот ва тавсиаи ҳамкориҳоро мавриди барраси қарор медиҳад.