Финалистҳои қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футзал муайян шуданд

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Номи тими қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи футзал дар соли 2022 ҳафтаи равон муайян мешавад. Яке аз довталабон қаҳрамони феълӣ дастаи "Соро компания" мебошад
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар бозии ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон-2022 рӯзи 7-уми декабр тимҳои “Соро компания” ва “Амонатбонк” вомехӯранд, ки ҳардуяшон аз шаҳри Душанбеянд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон финалистҳо дар натиҷаи анҷоми даври чорякниҳоӣ муайян гардиданд.
Дар даври чорякниҳоӣ қаҳрамони феълии мамлакат "Соро компания" бар "Рахш-такси" бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард.
Голҳоро Муҳаммад Шарипов дар дақиқаи 8 (1:0), Орзу Додхудоев дақиқаи 11 (1:1), Дилшод Саломов - дақиаи 27 (2:1), Муҳсин Муҳаммадзода - 29 (3:1), Файзалӣ Сардоров - 32 (4:1), Умед Қӯзиев дар даиқаи 35 ба дарвозаи худ (5:1), Некрӯз Алимаҳмадов - 36 (6:1), Руслан Тиллоев - 37 (6:2) ба ҳадаф расонданд.
LIVE! Тоҷикистон – Русия / Таджикистан - Россия | Футзал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Бозии футзали Русия ва Тоҷикистон - видео
Беҳтарин бозигари ин зӯрозмоӣ Файзалӣ Сардоров аз тими "Соро компания" дониста шуд.
Дар вохӯрии дигари даври чорякниҳоӣ дастаҳои "Вавилон" ва "Амонатбонк" зӯрозмоӣ карданд. Ин сабқат бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи бонкдорон анҷомид.
Дар ин бозӣ голҳоро Некрӯз Идиев дар дақиаи 13 (0:1), Рустам Ҳамидов дар дақиқаи 15 (0:2), Насратшо Исмоилов дар дақиқаи 18 (0:3), Алишер Улмасов - 30 (1:3), Шоҳрух Ҳамидов - 36 (1:4) ба ҳадаф расонданд. Беҳтарин бозигар Рустам Ҳамидов аз "Амонатбонк" дониста шуд.
Бозии ҳалкунандаи ниҳоӣ миёни "Соро компания" ва "Амонатбонк" шоми 7 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаст.
Лентаи хабарҳо
0