Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Зас: Доманаи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон густардатар мешавад

© POOL / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бори дигар кумаки худро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Доманаи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон густардатар мешавад ва аз шиддат гирифтани вазъ бояд худдорь кард.
Дар ин бора дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни нишасти Ассамблеяи парлумонии ин созмон дар Маскав изҳор дошт.
“Мо ба шиддат гирифтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хос медиҳем. Мутаасифона рӯзҳои 14-15 сентябр даргириҳои ҷиддӣ сар зад, ки боиси марги чандин нафар шуд. Доманаи даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, шумори гурезагон ва кушташудагон густардатар мешавад – ин гуна набояд бошад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Зас, СПАД метавонад барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷамоати деҳоти Ворух кумак намояд. Барои ин тарафҳо бояд бораи мувофиқи мақсад будани дахолати қувваҳои байналмилалии сулҳҷӯ ба мувофиқа бирасанд.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон низоъи охири марзиро зуд ҳал карданд
Ёдовар мешавем, ки Зас аллакай ба СПАД барои ба эътидол овардани вазъ дар марз кумак пешниҳод карда буд.
Муноқишаи навбатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз 14 то 16 сентябр сурат гирифт. Дар натиҷаи задухӯрдҳо аз ҳар ду тараф даҳҳоо куштаю захмӣ шуданд.
Душанбе ва Бишкек ҳодисаи марзиро фалокатбор унвон карданд. Новобаста аз музокироти сарони давлатҳо дар Остона, то ҳол вазъ комилан ҳал нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0