Вазири дифои толибон: Ҳама бояд дар Афғонистон сармоягузорӣ кунад

© IeaOfficeМинистр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб
Министр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Вазири дифои толибон дар дидор бо афғонистониҳои муқими Иморат гуфт, Афғонистон хонаи тамоми афғонистонӣҳо аст ва ҳама бояд ба кишвар сармоягузорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Вазири дифои толибон Муҳамадёқуби Муҷоҳид, ки ба Абузабӣ сафар кардааст бо шуморе аз афғонҳои муқими ин кишвар дидор кардааст, иттилоъ додааст расонащои дохилӣ.
Тибқи иттилои расонаҳо сухангӯии вазорати дифои толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки Мулло Ёқуб дар дидор бо афғонстониҳои муқими Иморот мушкилоти ҳамватанони муқуми Иморотро шунида ва изҳор кардааст Афғонистони хонаи тамоми афғонстониҳост ва бояд ҳамагӣ чӣ дар дохил ва дар хориҷ ба сар мебаранд дар Афғонистони сармоягузорӣ намоянд.
Вай илова кард, ки ҳама боҳам бояд дар ростои ободии кишвар саҳимгузор бошем.
Бояд гуфт, ки ҳайати толибон ба раёсати вазири дифо ва шуморе аз мақомҳои толибон ахиран ба Абузабӣ сафар кардааст.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Толибон: Ҳеч таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷеҳи Исломобод нест
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд ва ҳануз ба сиёсати таравӣ, таҳаҷҷур ва сиёсати истибдодии хеш таъкид доранд.
Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъкид кард, ки аз ибтидо ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони талоши худро барои ҳалли мусолиматомези мушкили кишвар ва боз кардани дарвозаҳои гуфтугӯ бо толибонро амалӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0