Маҳдудияти ҳаракат барои боркашҳо дар масири Душанбе - Хуҷанд: шарҳи IRS

© IRSРоҳи "Душанбе-Чаноқ" баста шуд
Роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, cабаби маҳдудиятҳоро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Аз километри 10 то 73 - юми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф идома дорад, хабар додааст ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS.
Ин ширкат, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз маҳдудияти ҳаракат барои мошинҳои боркаши калон ё худ фураҳо хабар додаст.
"Ҳоло ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, имконпазир аст", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи ширкат.
Таъкид шудааст, ки муваққатан маҳдуд кардани гузариши Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор ба он хотир аст, то ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод нагардад.
Барои таъмини ҳаракати нақлиёт ва тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш амалӣ гардида истодааст, илова намуд ширкат.
IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя ва ба ҳолати техникии автомобилҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Первый снег в Душанбе. 5 декабря 2022 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Барфи аввали Душанбе: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Қаблан ширкат изҳор дошта буд, ки баъзе роҳбандию танбашавии нақлиёт дар ин масир маҳз дар натиҷаи бе омодагӣ ба роҳ баромадани ронандагон рух медиҳад.
Дар мавриди омодагиҳои худи ин ширкат иттилоъ дода шудаст, ки дар намояндагии Варзоб 44 адад техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда, дар намояндагии Зарафшон 31 техникаи махсус ва дар намояндагии Суғд 43 адад техника барои фасли зимистон омода мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0