Ду ҷоизаи филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи синамои Маскав

© Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣФайзулло Файзов, кадр из фильма "Водный мальчик"
Файзулло Файзов, кадр из фильма Водный мальчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Асари коргардони тоҷик маърифатӣ буда, аз муносибати инсону табиат қисса мекунад ва барои ҳамаи афроди ҳамаи синну сол мувофиқ дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Филми "Бачаи обӣ"-и коргардон Файзулло Файзов дар Ҷашнвораи чоруми байналмилалии киноҳои кишварҳои ИДМ - "Московская премьера" якбора ду ҷоиза гирифтааст.
Дар фестивали мазкур, ки аз 29 ноябр то 5 декабр дар Маскав ҷараён мегирад, асари коргардони тоҷик ҷоизаҳои "Беҳтарин филм" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб шудааст.
Иттилоъ дода шудаст, ки дар ҷашнвораи мазкур филмҳои бадеӣ ва кӯтоҳмуддат аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуданд.
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Филми Умедшо Мирзоширинов дар Русия намоиш дода мешавад
Маврид ба зикр аст, ки филми мазкур дар ҷашнвораи филмҳои АвруОсиё дар Бритониё намоиш дода шуда, сазовори ҷоизаи "Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон" гардида буд.
Нахустнамоиши филми "Бачаи обӣ" моҳи октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор шуда, миёни тамошобинон мухлисони зиёдро пайдо карда буд. Идеяи филм ба коргардони марҳум Бахтиёр Худоназаров нисбат дода мешавад.
Он аз саргузашти кӯдаки 10-солае қисса мекунад, ки дар канори обанбори Қайроққум зиндагӣ мекунаду аз мактаб дур шудааст ва майл ба моҳидорӣ дорад. Асар дар мисоли ин писарча, Рамзес аз деҳаи Моҳигирон ва баҳр аз муносибати инсону табиат қисса мекунад. Бо мурури замон об каму мавҷудоти зинда дар он низ камтар мешаванд.
Филм маърифатӣ буда, барои тамошобинони синни гуногун мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0