https://sputnik.tj/20221205/hushdor-vazir-lukashenko-najot-zan-covid-video-1053292170.html
Ҳушдор ба вазир: Лукашенко гуфт, чигуна занро аз COVID наҷот дод - видео
Ҳушдор ба вазир: Лукашенко гуфт, чигуна занро аз COVID наҷот дод - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Беларус вазири тандурустиашро роҳандозии нодурусти табобат дар бемористонҳои вилоятӣ сарзаниш кард ва аз санҷишҳои ғайринақшавӣ ҳушдор дод
2022-12-05T20:10+0500
2022-12-05T20:10+0500
2022-12-05T20:10+0500
беларус
александр лукашенко
видео
вазир
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/05/1053292339_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_dac646f770b6173650f4fa4c273e751d.jpg
Александр Лукашенко қисса дар бораи наҷоти як бемори гирифтор ба коронавирус дар шаҳри Шклов нақл кард.Роҳбари давлат ахиран дар мулоқот бо вазири тандурустиаш Дмитрий Пиневич мавзӯи табобати беморони гирифтори бемории КОВИД дар беморхонаҳои ноҳиявӣ баррасӣ кард.Лукашенко сардори шӯъбаро барои он сарзаниш кард, ки дар бемористонҳои вилоятӣ вазъро комилан назорат намекунад."Ҳамааш дар дасти Украина": Лукашенко Киевро ба музокирот даъват кард"Деҳқоне дар деҳа давида, бо овози баланд номи манро дод мезад ба наздаш омадам ба ман мактуб дод. Александр Григоревич, занамро ё занро, наҷот дихед фарк надорад. Дар беморхонаи Шклов аст. "Мурдахона” ҳам гӯем хато намекунем. Дақиқаҳои охирин зиндагӣ мекунад. Табиист, ки ман худамро нишон дода натавонистам, ман духтурамро ба он ҷо фиристодам. Ӯ омад ба ман гуфт, бале, пешгӯиҳои ноумед аст. Дар воқеъ мемирад. Ман гуфтам, ки коратонро анҷом диҳед. Онҳоро ба Могилев интиқол доданд, ҳар бегоҳ ба ман аз ҳолати ӯ хабар медоданд. Шахси ғайриоддӣ. Аммо ба ҳар ҳол, барои ман ин як шахс аст", - гуфт Лукашенко.Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ин ҳикоя ӯро на танҳо бо сарнавишти як нафар, балки ба вазъи як ниҳоди олӣ, ки дар чунин вазъ чигуна мекунад, огоҳ кард, ин як навъ имтиҳони президент шуд.Лукашенко: Худо накунад, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон барангехта шавад - видеоДар пасманзари ин ҳикоя, раҳбари Беларус аз вазири тандурустӣ пурсид, ки оё ӯ "дар низом чи кор кардааст" ва "танҳо нафарони лозима табобат мегиранд ё табобат мувофиқи талаби мақомот сурат мегирад."Инҷо шумо табобат мекунед. Ана мардуми онҷо, ки дар минтақаҳо ҳастанд ва содда мебошанд не”, - сарзаниш кард Лукашенко.Вай ҳушдор дод, ки дар ояндаи наздик як гурӯҳи сайёри коршиносони мустақил барои санҷиши вазорати тандурустӣ таъсис дода мешавад, ки бо санҷишҳои ғайричашмдошт вориди муассисаҳои тиббӣ мешаванд."Ман мехоҳам ҳамаро огоҳ кунам, ки ба шумо раҳм нахоҳам кард. Ва ягон роҳбарони калон шуморо наҷот намедиҳад", - таъкид кард раҳбари Беларус.
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/05/1053292339_217:36:1051:662_1920x0_80_0_0_1d18b9e043f19e21f5d0fc37bc9c401d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беларус, лукашенко, вазир, тандурустӣ, танбеҳ, ҳушдор, видео, наҷот, зан, коронавирус
беларус, лукашенко, вазир, тандурустӣ, танбеҳ, ҳушдор, видео, наҷот, зан, коронавирус
Ҳушдор ба вазир: Лукашенко гуфт, чигуна занро аз COVID наҷот дод - видео
Раисиҷумҳури Беларус вазири тандурустиашро роҳандозии нодурусти табобат дар бемористонҳои вилоятӣ сарзаниш кард ва аз санҷишҳои ғайринақшавӣ ҳушдор дод
Александр Лукашенко қисса дар бораи наҷоти як бемори гирифтор ба коронавирус дар шаҳри Шклов нақл кард.
Роҳбари давлат ахиран дар мулоқот бо вазири тандурустиаш Дмитрий Пиневич мавзӯи табобати беморони гирифтори бемории КОВИД дар беморхонаҳои ноҳиявӣ баррасӣ кард.
Лукашенко сардори шӯъбаро барои он сарзаниш кард, ки дар бемористонҳои вилоятӣ вазъро комилан назорат намекунад.
"Деҳқоне дар деҳа давида, бо овози баланд номи манро дод мезад ба наздаш омадам ба ман мактуб дод. Александр Григоревич, занамро ё занро, наҷот дихед фарк надорад. Дар беморхонаи Шклов аст. "Мурдахона” ҳам гӯем хато намекунем. Дақиқаҳои охирин зиндагӣ мекунад. Табиист, ки ман худамро нишон дода натавонистам, ман духтурамро ба он ҷо фиристодам. Ӯ омад ба ман гуфт, бале, пешгӯиҳои ноумед аст. Дар воқеъ мемирад. Ман гуфтам, ки коратонро анҷом диҳед. Онҳоро ба Могилев интиқол доданд, ҳар бегоҳ ба ман аз ҳолати ӯ хабар медоданд. Шахси ғайриоддӣ. Аммо ба ҳар ҳол, барои ман ин як шахс аст", - гуфт Лукашенко.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ин ҳикоя ӯро на танҳо бо сарнавишти як нафар, балки ба вазъи як ниҳоди олӣ, ки дар чунин вазъ чигуна мекунад, огоҳ кард, ин як навъ имтиҳони президент шуд.
Дар пасманзари ин ҳикоя, раҳбари Беларус аз вазири тандурустӣ пурсид, ки оё ӯ "дар низом чи кор кардааст" ва "танҳо нафарони лозима табобат мегиранд ё табобат мувофиқи талаби мақомот сурат мегирад.
"Инҷо шумо табобат мекунед. Ана мардуми онҷо, ки дар минтақаҳо ҳастанд ва содда мебошанд не”, - сарзаниш кард Лукашенко.
Вай ҳушдор дод, ки дар ояндаи наздик як гурӯҳи сайёри коршиносони мустақил барои санҷиши вазорати тандурустӣ таъсис дода мешавад, ки бо санҷишҳои ғайричашмдошт вориди муассисаҳои тиббӣ мешаванд.
"Ман мехоҳам ҳамаро огоҳ кунам, ки ба шумо раҳм нахоҳам кард. Ва ягон роҳбарони калон шуморо наҷот намедиҳад", - таъкид кард раҳбари Беларус.