https://sputnik.tj/20221204/kambudi-muhojiron-norasoi-korgar-sverdlovsk-1053268851.html
Камбуди муҳоҷирон боиси норасоии коргар дар вилояти Свердловск шудааст
Камбуди муҳоҷирон боиси норасоии коргар дар вилояти Свердловск шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳашт моҳи соли 2022 шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба вилояти Свердловск меомаданд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст
2022-12-04T18:20+0500
2022-12-04T18:20+0500
2023-02-08T19:46+0500
муҳоҷират
дар русия
свердловск
идм
камбудӣ
коргарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Аз январ то августи соли 2022 ба вилояти Свердловск 11 612 нафар муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумори хориҷшудагон 13 ҳазору 888 нафарро ташкил додааст. Яъне талафоти муҳоҷират дар вилоят 2276 нафарро ташкил додааст, иттилоъ додааст tagilcity.ru.Барои муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта: 10 ҳазору 384 нафар омада, 4618 нафар рафтаанд. Афзоиш - 5766 нафар. Чунин маълумотро мақомоти вилояти Свердловск расонаӣ кардааст.Қисме аз онҳое, ки рафтанд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки бештар аз кишварҳои ИДМ барои кор кардани пул ба Русия омадаанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки хуруҷи зиёди онҳо дар давраи пандемияи коронавирус оғоз ёфт. Аммо дар оғози соли 2022, вақте ки аксари маҳдудиятҳо лағв шуданд, шаҳрвандони хориҷӣ дубора ба Русия баргаштанд. Аммо вазъ боз 24 феврал, вақте ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина оғоз шуд, тағйир ёфт.“Пас аз эълони басиҷи нисбӣ аксари аз афроде, ки қасди ба Русия омаданро доштанд, чиптаҳои худро баргардонданд ва аз кор сарпечӣ карданд. Яке аз корфармоён 35 билети ҳавопайморо аз Ӯзбекистон баргардонд, ҳамагӣ 18 нафар розӣ шуд. Барои онҳо, омадан ба Русия хатарнок ба назар мерасид, овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё онҳоро низ ба майдони ҷанг мебаранд, - гуфт мутахассиси интернет маркетинг дар ширкати аутсорсингии MIMINO Диана Данилченко.Коршиносон сабаби дигари коҳиши муҳоҷирати меҳнатиро ноустувории иқтисодӣ медонанд. Пас аз поинравии қурби рубл ба Русия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск, барои кор рафтан фоидаовар нест, чунки маош бо доллар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.Диана Данилченко афзуд, сипас қурб барқарор шуд, аммо дар гирифтани пул маҳдудиятҳо пайдо шуд - ин мушкили бузургтарин ва ҳалнашаванда нест, балки дар пасманзари ҳама ҳодисаҳои рухдода рӯҳияи ташвишоварро зам мекунад.Ба далели гарон будани зиндагӣ дар Русия ва ба далели мушкилоти логистикӣ ва гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо, муҳоҷирон ба боло бурдани қимати кори худ шурӯъ карданд. Агар қаблан хориҷиён аз кишварҳои ИДМ ҳамчун қувваи кории арзон ба ҳисоб мерафтанд, ҳоло кори муҳоҷирон гаронтар шудааст. Ширкатҳо маҷбуранд аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ даст кашанд ва коргар аз дохили кишвар ҷустуҷӯ намоянд.Диана Данилченко бовар дорад, ки ҳоло шаҳрвандони ИДМ на ба Русия, балки Англия, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ барои кор ҷалб мешаванд. Бо вуҷуди дур будани ин кишварҳо, ҷалбкунии муҳоҷирон ба ин кишварҳо дар ҳоли рушд қарор дорад чун дар ин кишварҳо барои муҳоҷирон шароит ва пули бештар пешниҳод мешавад. Дар натиҷа шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон муҳоҷират ба ин кишварҳо интихоб мекунанд.
https://sputnik.tj/20220929/rusiya-nazorati-muhojirat-purzur-meshavad-1051770854.html
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, норасоии коргар, свердловск, камбуд, муҳоҷирон
русия, муҳоҷират, норасоии коргар, свердловск, камбуд, муҳоҷирон
Камбуди муҳоҷирон боиси норасоии коргар дар вилояти Свердловск шудааст
18:20 04.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Дар ҳашт моҳи соли 2022 шумори муҳоҷироне, ки барои кор ба вилояти Свердловск меомаданд, ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Аз январ то августи соли 2022 ба вилояти Свердловск 11 612 нафар муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумори хориҷшудагон 13 ҳазору 888 нафарро ташкил додааст. Яъне талафоти муҳоҷират дар вилоят 2276 нафарро ташкил додааст, иттилоъ додааст
tagilcity.ru.
Барои муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта: 10 ҳазору 384 нафар омада, 4618 нафар рафтаанд. Афзоиш - 5766 нафар. Чунин маълумотро мақомоти вилояти Свердловск расонаӣ кардааст.
Қисме аз онҳое, ки рафтанд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки бештар аз кишварҳои ИДМ барои кор кардани пул ба Русия омадаанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки хуруҷи зиёди онҳо дар давраи пандемияи коронавирус оғоз ёфт. Аммо дар оғози соли 2022, вақте ки аксари маҳдудиятҳо лағв шуданд, шаҳрвандони хориҷӣ дубора ба Русия баргаштанд. Аммо вазъ боз 24 феврал, вақте ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина оғоз шуд, тағйир ёфт.
“Пас аз эълони басиҷи нисбӣ аксари аз афроде, ки қасди ба Русия омаданро доштанд, чиптаҳои худро баргардонданд ва аз кор сарпечӣ карданд. Яке аз корфармоён 35 билети ҳавопайморо аз Ӯзбекистон баргардонд, ҳамагӣ 18 нафар розӣ шуд. Барои онҳо, омадан ба Русия хатарнок ба назар мерасид, овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё онҳоро низ ба майдони ҷанг мебаранд, - гуфт мутахассиси интернет маркетинг дар ширкати аутсорсингии MIMINO Диана Данилченко.
Коршиносон сабаби дигари коҳиши муҳоҷирати меҳнатиро ноустувории иқтисодӣ медонанд. Пас аз поинравии қурби рубл ба Русия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск, барои кор рафтан фоидаовар нест, чунки маош бо доллар ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Диана Данилченко афзуд, сипас қурб барқарор шуд, аммо дар гирифтани пул маҳдудиятҳо пайдо шуд - ин мушкили бузургтарин ва ҳалнашаванда нест, балки дар пасманзари ҳама ҳодисаҳои рухдода рӯҳияи ташвишоварро зам мекунад.
Ба далели гарон будани зиндагӣ дар Русия ва ба далели мушкилоти логистикӣ ва гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймо, муҳоҷирон ба боло бурдани қимати кори худ шурӯъ карданд. Агар қаблан хориҷиён аз кишварҳои ИДМ ҳамчун қувваи кории арзон ба ҳисоб мерафтанд, ҳоло кори муҳоҷирон гаронтар шудааст. Ширкатҳо маҷбуранд аз ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ даст кашанд ва коргар аз дохили кишвар ҷустуҷӯ намоянд.
Диана Данилченко бовар дорад, ки ҳоло шаҳрвандони ИДМ на ба Русия, балки Англия, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ барои кор ҷалб мешаванд. Бо вуҷуди дур будани ин кишварҳо, ҷалбкунии муҳоҷирон ба ин кишварҳо дар ҳоли рушд қарор дорад чун дар ин кишварҳо барои муҳоҷирон шароит ва пули бештар пешниҳод мешавад. Дар натиҷа шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон муҳоҷират ба ин кишварҳо интихоб мекунанд.