Ҳавои сарди бебориш: Обуҳавошиносони тоҷик чӣ пешгӯӣ карданд?

© Sputnik / Амир ИсаевПрохожие на улице в Душанбе
Прохожие на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯи кардааст, ки дар кишвар ҳаво қисман абрноку сард мешавад, аммо ҳавои бебориш боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 11 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
С детьми на морозе в палатках: тысячи мигрантов разбили лагерь на белорусско-польской границе
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2021
Бо кӯдакон дар ҳавои сард: ҳоли зори ҳазорон муҳоҷир дар марзи Беларусу Лаҳистон - видео
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа гарм, рӯзона то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 5 дараҷа гарм ва рӯзона то 10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0