https://sputnik.tj/20221204/doish-masuliyat-hamla-saforati-pokiston--kobul-1053269666.html
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи террористии ДОИШ* дар баёнияе масъулияти ҳамлаи ахир ба сафорати Покистон дар Кобул пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт
2022-12-04T19:00+0500
2022-12-04T19:00+0500
2022-12-04T19:19+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
покистон
сафорат
ҳамлаи террористӣ
доиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717538_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_2d2b74982e453eb8bb77a4950ee0b5f9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* бо интишори баёнияе дар сомонаи амақи вобаста ба ин гуруҳи масъулияти ҳамла ба сифорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.Ин ҳамла ахиран дар ҳоле рух дод, ки давлат Покистон гуфта буд ҳадафи ин ҳамлаи Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири ин кишвар дар кобул будааст.Покистон бо маҳкум кардан ин ҳамла онро талоше барои террори кордор худ донист, ки дар ин ҳамлаи осебе надидааст.Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа муҳоҷимони мусаллаҳ ба сифорати Покистон дар пойтахти Кобули пойтахти Афғонистон, як муҳофизи ин маркази диплумотик захмӣ шуд.Тибқи иттилои расонаҳои дохилӣ дар ин ҳамлаи террористӣ кордори сифорат Покистон осебе нарасидааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири дохилаи Покистон Роно Саноаллоҳ гуфтааст, ки “таҳрики толибони Покистон” аз хоки Афғонистони алайҳи давлати Исломобод истифода мекунад ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ ба суди Исломобод ва Кобул аст.Вазири дохилаи Покистон иддао карда буд, ки таҳрики толибони Покистон аз тамомӣ имконот дар Афғонистон бархурдор аст ва наздик ба 5 ҳазор ҷангҷӯии он дар ин кишвар пинҳон шудаанд.Дар вокуниш ба ин изҳорот сухангӯии вазорати дифои давлати муваққат толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ гуфтааст: “мо бори дигар ба тамоми кишварҳои минтақау ҷаҳони итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистони алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд”.* - Созмони террористиии мамнуъ дар қаламрави Русия
https://sputnik.tj/20221204/tolibon-tahdid-afghoniston-islomobod-1053257866.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717538_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_d3adc745a6c314986fe602b9f0c7a279.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиё, ҳамла, сафорат, покистон, доиш, бар душ гирифт, кобул
афғонистон, осиё, ҳамла, сафорат, покистон, доиш, бар душ гирифт, кобул
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт
19:00 04.12.2022 (Навсозишуда: 19:19 04.12.2022) Гурӯҳи террористии ДОИШ* дар баёнияе масъулияти ҳамлаи ахир ба сафорати Покистон дар Кобул пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* бо интишори баёнияе дар сомонаи амақи вобаста ба ин гуруҳи масъулияти ҳамла ба сифорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин ҳамла ахиран дар ҳоле рух дод, ки давлат Покистон гуфта буд ҳадафи ин ҳамлаи Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири ин кишвар дар кобул будааст.
Покистон бо маҳкум кардан ин ҳамла онро талоше барои террори кордор худ донист, ки дар ин ҳамлаи осебе надидааст.
Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа муҳоҷимони мусаллаҳ ба сифорати Покистон дар пойтахти Кобули пойтахти Афғонистон, як муҳофизи ин маркази диплумотик захмӣ шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои дохилӣ дар ин ҳамлаи террористӣ кордори сифорат Покистон осебе нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири дохилаи Покистон Роно Саноаллоҳ гуфтааст, ки “таҳрики толибони Покистон” аз хоки Афғонистони алайҳи давлати Исломобод истифода мекунад ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ ба суди Исломобод ва Кобул аст.
Вазири дохилаи Покистон иддао карда буд, ки таҳрики толибони Покистон аз тамомӣ имконот дар Афғонистон бархурдор аст ва наздик ба 5 ҳазор ҷангҷӯии он дар ин кишвар пинҳон шудаанд.
Дар вокуниш ба ин изҳорот сухангӯии вазорати дифои давлати муваққат толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ гуфтааст: “мо бори дигар ба тамоми кишварҳои минтақау ҷаҳони итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистони алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд”.
* - Созмони террористиии мамнуъ дар қаламрави Русия