Баргузории комиссияи муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Обуна шудан
Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон рӯз 5 ва 6 декабр дар Теҳрон баргузор мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири энергетика муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Понздаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон ба мизбонии вазири неруи Эрон ва бо ҳузури вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
“Дар ин комисяи заминаҳои мухталиф ва матанавеъи шомили тиҷорат, умури молӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, саноат, хадамоти фанни муҳандисӣ, саломат, сармоягузори ва гардишгарӣ дар дастури кор хоҳад буд”, - гуфт муъовини дипломосии иқтисодии вазири умури хориҷаи Эрон Маҳди Сафарӣ, бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи равобит ва ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон.
Сафарӣ афзуд, ки раванди баргузории ҷаласаҳои комиссияи муштараки иқтисоди бо бисёри аз кишварҳои тарафи ҳамкори тақвият шуд ва интизор меравад бо пайгирии тавофуқот ва тафоҳумномаҳое, ки дар ин нишастҳо сурат мегирад шоҳиди раванди ҳарчи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишварҳо бошем.
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан
Ёдовар мешавем, ки чаҳордаҳумин комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон дар июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Дар пайи истиқлоли Тоҷикистон дар 9 сентябри соли 1991 Эрон аввалин кишвари буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамсояи Эрон маҳсуб намешвад, аммо ду кишвар пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии фаровони доранд.
Лентаи хабарҳо
0