Мақоми толибон: Рафтани духтарон ба мактаб фарҳанги хориҷиҳост

© AFP 2023 / Javed TanveerДевочки на уроке в афганской школе для девочек в Кандагаре
Девочки на уроке в афганской школе для девочек в Кандагаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати таҳсили олии ҳукумати муваққати толибон муддаи шуд, ки фиристодани духтарон ба мактаб фарҳанги хориҷиҳо аст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сарпарасти вазорати таҳсилоти олии толибон Нидомуҳаммад Надим, ин мавзуро дар як навори тасвирӣ, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимои мунташир шуда аст, баён кардааст, иттилоъ додаанд расонаҳои дохилӣ.
Оқои Надим афзуда, ки фиристодани духтарон ба мактаб фарҳанги хориҷиҳо аст ва ин фарҳангро Амонуллоҳхон ва Зоҳиршоҳ ба Афғонистон овараданд.
Ба гуфта ӯ, дар он замон олимони дин бо ин тасмими Амонуллоҳхон мухолифат карданд.
“Дар замони Зоҳир бузургони қавмӣ гуфтанд, ки ғайрат, ҳаё ва имони мо иҷоза намедиҳад, ки духтарони мо ба мактаб бираванд”, тасреҳ кардааст оқои Надим.
Сарпарасти вазорати таҳсилоти олии толибон хотирнишон кардааст, ки олимони дин дар замони Зоҳиршоҳ низ ба далели мухолифатшон даҳҳо сол зиндонӣ шуда буданд.
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
35 куштаву 23 захмӣ: Таркиши дар мадраса дар шимоли Афғонистон
Ҳукумати муваққати толибон, ки борҳо аз таҳаққуқи ваъдаи бозгушои мадориси духтарона сар боз зада, дар идомаи таҳсили донишҷӯёни духтар низ коршиканӣ мекунад.
Ин вазъ шароити душвореро барои ҷомеъаи занони афғон эҷод кардааст.
Лентаи хабарҳо
0